Ҳимояти вазирони хориҷаи кишварҳои аврупоӣ аз БарҶом
Вазири умури хориҷаи Фаронса бар ҳимояти худ ва ҳамтоёни олмонӣ ва бритониёиаш ба ҳамроҳи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз БарҶом таъкид кард.
Ба гузориши Рейтер , Жан-Ив Ле Дриан -вазири умури хориҷаи Фаронса дар Твиттер ба мизбонии рӯзи якшанбе аз Хосеп Боррелл-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Хейко Мосс-вазири умури хориҷаи Олмон ва Доминик Роб-вазири умури хориҷаи Бритониё барои табодули назар дар мавриди танишҳои ғарби Осиё ишора кард ва навишт: Ҳозирони ин нишаст бар ҳимояти ҷамъӣ аз БарҶом ва коҳиши танишҳо ва суботи минтақаӣ таъкид карданд.
Ангела Меркел-садри аъзами Олмон, Эмануэл Макрон-раисҷумҳури Фаронса ва Борис Ҷонсон-нахуствазири Бритониё низ якшанбешаб бидуни ишора ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии аврупоиҳо дар мавриди ин тавофуқи байналмиллалӣ дар баёнияи муштарак аз Эрон хостанд ба тааҳҳудоти комили худ тибқи БарҶом бозгардад.
Сарони Олмон, Фаронса ва Бритониё дар ин баёния ҳамчунин бидуни ишора ба иқдомоти танишзо ва террористии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё аз ҷумла террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи нируи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз Эрон хостанд ба гуфтаи худашон ба “ хушунат дар минтақа” доман назанад.
Ҷумҳурии исломии Эрон, 8 маи 2019 дар солгарди хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БарҶом ва як сол пас ба дунболи бадаҳдии тарафҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоти худ, раванди коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро оғоз кард ва як ҳафта пеш гоми панҷум ва ниҳоиро дар ин замина эълом кард.