Январ 13, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Рабеъӣ: Англия аз ҳар гуна дахолат дар масоили дохилии Эрон худдорӣ кунад

Сухангӯи давлати Эрон дар вокуниш ба ҳузури сафири Англия дар таҷаммӯъоти ғайриқонунӣ дар Теҳрон ба Лондон ҳушдор дод ва гуфт ,ки аз ҳар гуна дахолат дар масоили дохилии Эрон худдорӣ кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Роберт Макэйр-сафири Англия дар Теҳрон, рӯзи шанбе ба далели ҳузур дар як таҷаммӯъи ғайриқонунӣ дар муқобили донишгоҳи Амир Кабири Теҳрон дастгир, аммо ба далели бархурдорӣ аз дахлнопазирии дипломатӣ ва пас аз шиносоӣ озод шуд.

 Алии Рабеъӣ-сухангӯи давлати Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон бо баёни ин ки иқдоми сафири Англия комилан ғайрикасбӣ ва ғайри қобили қабул будааст, тасреҳ кард: Бо бозхости   Роберт Макэйр ба вазорати умури хориҷаи Эрон маротиби эътирози Ҷумҳурии исломӣ ба сафир ва давлати Англия эълон шудааст.Рабеъӣ афзуд: Англия корномаи номуносибе бо дахолат дар умури дохилии Эрон дорад ва Лондон бояд аз ҳар гуна дахолат дар масоили дохилии Эрон худдорӣ кунад.

Сухангӯи давлати Эрон ҳамчунин дар бораи тақвияти эҳтимоли музокира бо Амрико ва хурӯҷи аврупоииҳо аз БарҶОМ пас аз ҳодисаи террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи нируи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Ҳар кадом аз тарафҳои БарҶОМ дар вокуниш ба дархостҳо ва фишорҳои Вашингтон барои хуруҷ аз БарҶОМ ба Кохи Сафед посухи манфӣ додаанд.Рабеъӣ бо баёни ин ки напазируфтани хостаҳои Амрико аз сӯи Аврупо баёнгари танҳо мондани Амрико аст, таъкид кард: Нобудии БарҶОМ паёмадҳои харобиоваре барои чандҷонибагароӣ, сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ ва асли қонунмандӣ дар кишварҳои ҷаҳон дорад.

Сухангӯи давлати Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳодисаи сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар наздикии Теҳрон гуфт: Таҳдидҳои раисҷумҳур ва фармондеҳони низомии Амрико дар бораи ҳамла ба аҳдофе дар хоки Эрон решаи ин иттифоқи ногувор буд.

Рабеъӣ афзуд: Нақшаи Ҷумҳурии исломии Эрон, иҷрои иқдомоте барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси ҳаммонанди ҳодисаи ҳавопаймои украинӣ аст, то эҳтимоли хатои инсонӣ дар онҳо ба сифр бирасад.