Январ 15, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Истифодаи Аврупо аз

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар дидори Найлс Аннен, вазири мушовир дар умури Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон аз беамалии аврупоиҳо дар қиболи тааҳҳудоташон дар БАРҶОМ ба шиддат интиқод кард.

Ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин дидор зимни интиқод аз беамалии аврупоиҳо дар қиболи тааҳҳудоташон дар БАРҶОМ, иқдоми онҳо барои истифода аз "механизми ҳаллу фасли ихтилофот"-ро аз назари ҳуқуқӣ бемабно ва аз назари сиёсӣ иштибоҳи роҳбурдӣ хонд.

Найлс Аннен низ дар ин дидор бо баёни ин, ки равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон барои аврупоиҳо муҳим аст гуфт: Мавзеи Аврупо, дифоъ ва ҳимоят аз БАРҶОМ аст ва рӯҳи баёнияи се кишвари аврупоӣ тахриби БАРҶОМ нест.

Олмон, Британия ва Фаронса рӯзи сешанбе бо судури баёнияе механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМ-ро фаъол карданд.

Тибқи механизми ҳалли ихтилофот дар БАРҶОМ, агар ҳар кишваре нисбат ба нақзи аҳди яке аз тарафҳо муддаии "пойбанд набудан" шавад, ин иддао дар фароянде чандмарҳилаӣ ва нисбатан тӯлонимуддат баррасӣ хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп