Январ 15, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Шикасти Амрико дар тавқифи миллиардҳо доллар аз дороиҳои Эрон

Дархости шокиёни амрикоӣ аз додгоҳҳо италиявӣ барои тавқифи панҷ миллиарду 990 миллион доллар аз амвол ва дороиҳои Бонки марказии Эрон ноком монд.

Бонки марказии Эрон рӯзи чоршанбе дар гузорише эълом кард:

Пас аз он, ки ворисони бархе аз қурбониёни ҳодисаи 11 сентябри соли 2001, бо таҳрики давлати Амрико дар соли 2011, муваффақ ба маҳкумияти давлат  ва Бонки марказии Эрон дар додгоҳе дар Ню-Йорк шуданд, дар 24 январи соли 2018 додхостеро барои шиносоӣ ва иҷрои раъйи додгоҳи амрикоӣ ва тавқифи амвол ва дороиии Бонки марказии Эрон ба мизони панҷ милиарду 990 миллион доллар, назди додгоҳҳои кишвари Италия матраҳ карданд.

Додгоҳи Италия дар ибтидо, дар 14 июни соли 2018 бо судури қароре, дастури тавқифи амволи Бонки марказии Эрон ба мизони маблағи хостаро содир кард, аммо  Бонки марказии Эрон ба таҷдиди назархоҳӣ аз раъйи марбута иқдом ва сипас, додгоҳи таҷдиди назари Рум, бо судури раъйе дар 10 октябри соли 2018, зимни пазириши эътирози ин бонк, ин тасмимро лағв кард.