Январ 15, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Танишҳои минтақа бозтоби ҷаҳли Амрикост

Вазири умури хориҷаи Эрон террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва афзоиши танишҳо дар минтақаи ғарби Осиёро бозтоб ва натиҷаи ҷаҳлу истикбори Амрико донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти солонаи гуфтугӯҳои “Райсина” дар Деҳлии Нав афзуд, амрикоиҳо бо нақзи ҳокимияти Ироқ, як фармондеҳи қобили эҳтиромро дар ин кишвар террор карданд, ки ин нишонгари ҷаҳлу истикбор аст.

Зариф бо баёни ин ки сипаҳбуд Сулаймонӣ танҳо нерӯи муассир дар мубориза бо ДИИШ буд, изҳор дошт, аз террори шаҳид Сулаймонӣ ҷуз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ДИИШ касе хушҳол нашуд ва мардум дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла 430 минтақаи Ҳинд ёди шаҳид Сулаймониро гиромӣ доштанд ва барои ӯ азодорӣ карданд.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни ин ки мардуми Ироқ хоҳони хуруҷи Амрико аз кишварашон ҳастанд, афзуд, Амрико аз пойгоҳҳои ироқӣ барои анҷоми амалиёт алайҳ як меҳмон дар ин кишвар истифода кард ва мардуми Ироқ аз ин ҷиноят розӣ нестанд.

Вай ҳамчунин бо интиқод аз хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии аврупоиҳо дар ин тавофуқ гуфт, баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом, Аврупо ба тааҳҳудоти худ пойбанд набуд, аммо дар муқобил Эрон комилан пойбандии худро ба ин тавофуқ нишон додааст.

Зариф бо баёни ин ки Иттиҳоди Аврупо бузургтарин иқтисодро дорад, аммо аз Амрико метарсад, гуфт, ин ки ширкатҳои хориҷӣ аз Эрон рафтаанд, нишон медиҳад аврупоиҳо БарҶомро нақз кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Эрон дар номае дар соли 2018 оғозкунандаи механизми ҳалли ихтилофи БарҶом буд, таъкид кард, агар аврупоиҳо ба тааҳҳудоти худ амал кунанд, Эрон ба тааҳҳудоти комили худ дар БарҶом боз хоҳад гашт.

 

Барчасп