Баёноти Раҳбари инқилоб дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон (машруҳ)
(last modified 2020-01-17T13:58:53+00:00 )
Январ 17, 2020 18:58 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни ин ки шаҳид Қосими Сулаймонӣ қавитарин фармондеҳи мубориза бо терроризм буд, гуфтанд, посухи қудратмандонаи Эрон зарба ба убуҳати Амрико буд.

Хутбаҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон:

Меҳварҳои муҳими баёноти Раҳбари муаззами инқилоб ба ин шарҳ аст:

Ҳамаи бародарони азизро даъват мекунам ва тавсия мекунам, ба риояти тақво. Агар нусрати илоҳиро мехоҳем, дар тақвост. Агар тавфиқоти илоҳиро мехоҳем, ҳидояти илоҳиро мехоҳем, дар тақвост. Агар фараҷ ва кушоиш дар масоили шахсӣ ва иҷтимоиро мехоҳем, дар тақвост ва бояд кӯшиш кунем, ки тақвои илоҳиро меъёри кори худамон қарор диҳем. Он чӣ муҳим аст, тавсия ба тақвост. Худи ин ҳақир бештар аз шумо мӯҳтоҷи ин тавсия ҳастам. Ҳар кадом ба андозаи рушди худамон тақвиятро риоят кунем.

Баҳси ман перомуни ояе аст аз Қуръон, ки тавсия мекунад ҳазрати Мӯсоро, ки айёмуллоҳро ба ёди бани Исроил биоварад, як эҳтимол ин аст, ки ба василаи айёмуллоҳ Худоро, қиёматро ба ёди онҳо биоварад.

Аҳамияти айёмуллоҳ дар ин ҷо маълум мешавад, ки Мӯсо - паёмбари азимушаън маъмур аст айёмуллоҳро ба ёди мардум биоварад. Айёмуллоҳ оя ҳастанд. Нишонаи роҳанд, барои касоне, ки ду сифатро доранд: саббор, яъне касе, ки сар то по истиқомат ва сабр аст, аҳли сабр ва истиқомат аст. Шакур, яъне касе, ки неъматро мешиносад ва шукргузорӣ мекунад, ки арзҳое дорам дар ин маврид.

Ояи баъд мефармояд: ҳазрати Мӯсо ин дастурро амалӣ мекунад. Ба ёди онҳо овард, наҷоташон аз дасти фиръавниёнро. Аз дасти қудрати ситамгарро, ки чӣ тавр шуморо наҷот дод. Ин аз айёмуллоҳ аст. Яке аз намунаҳои айёмуллоҳ ин аст. Вақте, ки ҷавомеъ ва инсонҳо аз дасти ситамгар наҷот пайдо мекунад, баъд дунболаи ин нидои умумии парвардгор аст, яъне бо садои баланд Худои мутаол ба ҳама эълом мекунад, ки агар шукргузорӣ кардед, мо он неъмате ки ба шумо додем, рӯз ба рӯз афзоиш хоҳем дод, зиёд хоҳем кард, аммо агар куфрони неъмат кардед, шукрро ба ҷо наёвардед, мушкилоти фаровоне аст, ки барои шумо пеш хоҳад омад.

Сипас дар ояи баъд натиҷаи куллӣ аз ин матолибро мефрмояд: ин ки мо мегӯем шукргузор бошем, неъмати Худоро аз ёд набарем, ин худи шумост ва илло Худои мутаол бениёз аст. Айёмуллоҳ муҳим аст. Мехоҳам дар мавриди айёмуллоҳ сӯҳбат кунам. Барои мардуме, ки сабборанд ва шакуранд. Аҳли истиқомат ва сабранд. Аз майдон ба андак чизе хориҷ намешаванд ва истодагӣ мекунанд, шакуранд, яъне аввалан неъматро мешиносанд. Табаоти пинҳон ва ошкори неъматро медонанд. Сониян, қадршиноси неъматанд, яъне арзиши ин неъмат ва вазни ин неъматро медонанд. Солисан бар асоси он эҳсоси масъулият мекунанд. Бар асоси ин неъмате, ки Худо дода, эҳсоси масъулият мекунанд, бинобарин миллате, ҷамъияте ва қавме, ки бесабр нестанд. Ин оёти сураи Иброҳим аст, ки маккӣ аст, яъне вақте мусулмонон дар авҷи муборизот ва истодагӣ ва муқовимат дар баробари ҷараёни куфр қарор доштанд, ин оёт нозил шуд. Бидонед Худои мутаол айёмуллоҳе дорад, ки шумо бояд шукргузор бошед, агар шумо аз он чӣ Худои мутаол ба шумо дода, ба шумо пирӯзӣ хоҳад дод.

Ин ду ҳафтае, ки бар мо гузашт, ҳафтаи пурмоҷаро ва истисноӣ аст. Моҷароҳои талх, ширин, ҳаводиси дарсомӯз барои миллати Эрон пеш омад дар ин ду ҳафта. Явмуллоҳ, яъне рӯзе, ки дасти қудрати Худоро инсон дар ҳаводис мушоҳида мекунад. Он рӯзе, ки даҳҳо миллион дар Эрон ва садҳо ҳазор нафар дар баъзе кишварҳо ба поси хуни фармондеҳи сипоҳи Қудс ба хиёбонҳо омаданд ва бузургтарин бадрақаи ҷаҳонро шакл доданд, ин яке аз айёмуллоҳ аст.

Он чӣ иттифоқ афтод, кори ҳеҷ омиле ба ҷуз дасти Худо наметавонад дошта бошад. Он рӯзе ҳам, ки мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пойгоҳи амрикоиро дар ҳам кӯбид, он рӯз ҳам яке аз айёмуллоҳ аст.

Мо ин ду рӯзро ҷузъи айёмуллоҳ дар ин чанд рӯзи гузаштаи ду ҳафтаи гузашта дар муқобили чашми худамон ва миллат мушоҳида кардем. Инҳо рӯзҳои нуқтаи атфи таъриханд. Рӯзҳои таърихсозанд. Рӯзҳои одӣ нестанд. Дидед, ки як нерӯи як миллате ин қудрат ва тавони рӯҳиро дорад, ки ба як қудрати мутакаббири зӯргӯи олам ин тавр силӣ бизанад. Ин нишондиҳандаи дасти қудрати илоҳӣ аст ва он рӯз ҷузъи айёмуллоҳ аст.

Рӯзҳо тамом мешаванд, лекин таъсироти ин рӯзҳо дар зиндагии миллатҳо боқӣ мемонанд ва рӯҳияи миллатҳо дар маниш ва масири миллатҳо осоре, ки мегузоранд, осори мондагор ва баъзан ҷовидона аст.

Хуб, ҳоло ҷомеаи эронӣ ба назари мо як ҷомеаи саббор ва шакур аст. Дар тӯли ин солҳои гузашта миллати Эрон ҳамвора сипосгузори алтофи илоҳӣ дар тӯли ин солҳо будааст. Мо бояд аз ин оёт дарс бигирем.

Ман арз мекунам, пас аз 41 соли пирӯзии инқилоби исломӣ ин ҷамъияти беназирро кадом дасти қудрате ба майдон овард? Ин ашку ишқ ва шӯрро чӣ касе падид овард? Кадом омиле метавонист як чунин мӯъҷизае нишон диҳад, ҷуз дасти қудрати илоҳӣ?

Касоне, ки қудрати дасти Худоро наметавонанд дар ин ҳаводис бубинанд ва таҳлили моддӣ мекунанд, ақиб мемонанд. Буъди маънавӣ ва бисёр муҳими ин ҳаводис ҳамин аст, ки Худои мутаол ин корро мекунад. Вақте Худои мутаол як чунин ҳаракатеро ба вуҷуд меоварад, инсон бояд эҳсос кунад иродаи илоҳӣ дар пирӯзӣ аст. Иродаи илоҳӣ бар ин аст, ки ин миллат дар ин роҳ ва дар ин хат ҳаракат кунад ва пирӯз шавад.

Ин ишқу вафо ва ин истодагӣ ва ин байъати бузург бо хатти Имом нишондиҳандаи маънавиёт ва ботини ин миллат ҳам ҳаст. Мардум бо ин ҳузурашон дар майдон, бо хатти Имом байъат карданд. Миллате бо ин азамат, он ҳам баъд аз гузашти беш аз 30 сол аз реҳлати Имом. Ин гуна бо Имом мардум байъат мекунанд. Чӣ шуд, ки дар чанд рӯзи қабл аз ин ҳодиса ва баъд аз ин ҳодиса императори хабарии саҳюнизм дар ҳамаи дунё саъй карданд номи сардори бузургавори азизамонро муттаҳам кунанд ба терроризм.

Оё дасти Худоро ба вузӯҳ наметавон дид? Худо дастҳои қудрати моро дар ин кишвар, дар ин ҷомеа фаъол кардааст.

Худи ин шаҳодати бузург, ки марбут ба ташйиъ буд, яке аз оёти қудрати илоҳӣ аст, расвоии давлати беобрӯи Амрикоро рақам зад. Инҳо касеро, ки саршиностарин ва қавитарин фармондеҳи мубориза бо терроризм буд, шаҳид карданд.

Шаҳид Сулаймонӣ ба маънои воқеии калима қавитарин фармондеҳ буд. Кадом фармондеҳи дигар қудрат дошту метавонист корҳое, ки ӯ анҷом дод, анҷом диҳад?

Ба як минтақае дар муҳосираи 360 дараҷаӣ, ки душман аст, шаҳид Сулаймонӣ бо болгард вориди ин минтақа мешавад, ҷавонони хубе дар он минтақа ҳастанд, фармондеҳе надоранд ва чашмашон ба Ҳоҷқосим меафтад, ангеза пайдо мекунанд ва душманро фирорӣ медиҳанд. Чӣ касе метавонад ин корро анҷом диҳад?

Қавитарин фармондеҳ дар минтақаро террор карданд. Дар майдони рӯ ба рӯи ҷанг бо ӯ мувоҷеҳ нашуданд. Ӯро дуздона ва буздилона ба сурати террори давлатӣ Амрико ӯро террор кард ва худашон ҳам эътироф карданд, ки мояи рӯсиёҳии Амрико шуд.

Дар ин минтақа қабл аз ин ҳодиса ин кор махсуси режими саҳюнистӣ буд, ки афродро террор кунад ва бигӯяд, мо террор кардем. Саҳюнистҳо террор мекарданд ва мегуфтанд: мо террор кардем.

Амрикоиҳо одами зиёд куштанд, вале эътироф намекарданд, ки мо террор кардем. Инҷо раисҷумҳури Амрико ба забони худаш эътироф кард ва гуфт: мо террорист ҳастем ва мо террор кардем. Расвоии болотар аз ин чӣ мешавад.

Посухи қудратмандонаи сипоҳ ҳам дархури тадаббур аст. Явмуллоҳи ташйиъи ҷанозаи шаҳиди азиз як тарафи қазия аст. Аксуламал ва вокуниши қудратмандонаи сипоҳ тарафи дигари сипоҳ аст. Ин зарба ба Амрико буд албатта зарбаи муассири низомӣ буд, аммо муҳимтар ва болотар аз зарбаи низомӣ, зарбаи ҳайсиятӣ буд. Зарба ба ҳайбати абарқудрати Амрико буд.

Амрико солҳост дар Сурия, Ироқ, Лубнон дар Афғонистон зарба мехӯрад аз даст қудратманди муқовимат ва ин зарба аз ҳама болотар буд, ин зарбаи ҳайсиятӣ буд, зарба ба убуҳҳати Амрико буд.

Ҳоло эълом мекунанд: “мо таҳрим кардем” ва таҳримҳоро боло мебаранд. Ин посухи қудратмандонаи чунин хусусияте буд.

Ихлос баракат дорад. Ҳар ҷо ихлос буд, Худои мутаол ба ихлоси бандагони мухлисаш баракат медиҳад, рушд ва нумӯ пайдо мекунад. Кор ба наҳве мешавад, ки асари он ба ҳама мерасад. Баракоти он дар миёни мардум боқӣ мемонад, ин ношӣ аз ихлос аст. Натиҷаи он ихлос ҳамин ашку оҳи мардум, ҳамин ҳузури мардум аст. Ин як масъала аст.  

Аммо ин ки мо ин ҳаводисро қиматгузорӣ кунем, қадри онро бидонем ва бидонем андозаи ин чӣ қадр аст. Ин дар сурате таҳаққуқ пайдо мекунад, ки мо ба Ҳоҷқосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдии шаҳиди азиз ба чашми як фард нигоҳ накунем, ба чашми мактаб нигоҳ кунем. Як мактаб, як роҳ, як мадрасаи дарсомӯз... бо ин чашм нигоҳ кунем, он вақт аҳамияти ин қазия равшан хоҳад шуд. Қадру қимати он мушаххас хоҳад шуд.

 

Барчасп