Зариф: Амрико муқассири аслии вазъи хатарноки минтақааст
(last modified Sun, 19 Jan 2020 07:43:35 GMT )
Январ 19, 2020 12:43 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико муқассири аслии вазъи хатарноки минтақааст

Вазири умури хориҷаи Эрон, вазъияти кунунии минтақаи ғарби Осиёро хатарнок тавсиф кард ва Амрикоро муқассири аслии ин вазъ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо пойгоҳи интернетии шабакаи Тоймз-Нав-и Ҳинд, ки шомгоҳи шанбе мунташир шуд, бо баёни ин ки далели аслии вазъияти хатарноки минтақа, мавзеъҳои мутакаббирона ва густохонаи Амрико аст афзуд, Амрико ҳамаи умурро аз чашмандози худ ва на аз нигоҳи мардуми минтақаи ғарби Осиё мебинад.

Зариф ҳамчунин бо ишора ба ҳимоятҳои густардаи афкори умумии кишварҳои минтақа аз сардор сипаҳбуд шаҳид  Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, Амрико бояд инро бифаҳмад, ки баъд аз террори сардор Сулаймонӣ, дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон барои гиромидошти ӯ маросим баргузор карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, фақат ДИИШ Доналд Трамп раиси ҷумҳурӣ ва Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико аз террори сардор Сулаймонӣ хушҳол шуданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти солонаи гуфтугӯҳои RAISINA сешанбеи гузашта ба Ҳинд сафар кард.

Барчасп