Нақши муҳимми Эрон дар ҳимоят аз паноҳандагон
(last modified 2020-01-19T13:53:37+00:00 )
Январ 19, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Нақши муҳимми Эрон дар ҳимоят аз паноҳандагон

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди 40 сол пазирои ҷамъияти азиме аз паноҳандагон бавижа атбои Афғонистон буда ва акнун амодаи интиқоли таҷрибиёти худ дар ин замина ба дигар кишварҳо аст.

Ivo Freijsen, намояндаи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Эрон, рӯзи шанбе дар дидор бо Маҳдӣ Маҳмудӣ, мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии вазорати кишвари Эрон бо ишора ба нақши муҳимми Эрон дар ин замина, аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ироаи хадамоти густурда ба паноҳандагон қадрдонӣ кард.

Эрон бо вуҷуди надоштани кумакҳои кофӣ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ, саҳми бузургеро дар маҳори муъзали паноҳандагӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ифо кардааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамаи ин солҳо бо вуҷуди камбуд ва мушкилоти иқтисодӣ ва таҳримҳо, хадамоти арзандае дар ҳимоят ва кумак ба коҳиши мушкилоти муҳоҷирони афғон ироа кардааст. Ин кумакҳо дар шароите истимрор ёфта, ки Комиссари олии паноҳандагон ҳамкории муносибе бо Эрон надошта ва фақат 6 дарсад ҳазинаҳои муҳоҷирони афғон дар Эрон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ таъмин шудааст.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар, пеш аз ин низ дар дидор бо Филиппо Гранди, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Женева дар октябри 2019, бо ишора ба мушкилоти Эрон дар тӯли 40 сол мизбонӣ аз паноҳандагони афғонистонӣ гуфта буд: “шароити минтақа ба гуна  аст, ки агар таваҷҷӯҳи кофӣ нашавад, масъалаи паноҳандагон ҳал нахоҳад шуд.

 

Паноҳандагӣ бо масоиле чун маводи мухаддир, терроризм ва базеҳкорӣ дарҳамтанида аст ва агар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ба масъулиятм худ амал накунанд, мавҷи бузурге аз муҳоҷират ва паноҳндагӣ дар минтақа рух хоҳад дод.

Филиппо Гранди ҳам дар таъйиди ин мавзӯ ва мушкилоти ношӣ аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико гуфтааст, иқдомоте, ки СММ дар заминаи паноҳандагон дар садади анҷом он аст, дар баробари хадамоти Эрон ба паноҳандагон бисёр кӯчак аст.

Аз ҷумлаи хадамоти арзишманди Эрон ба паноҳандагони афғон метавон ба таҳсили беш аз 480 ҳазор донишомӯзи паноҳанда ва атбои фоқиди мадрак, имкони ахзи гувоҳиномаи ронандагӣ, дастрасии одилона ба маҳокими қазоӣ, эмкунӣ ва ироаи хадамоти беҳдоштии аввалия, пӯшиши бимаи саломат барои куллияи паноҳандагон, таҳсили 16 ҳазору 500 донишҷӯ дар донишгоҳҳо ва ироаи тасҳилот ва парвонаи муваққат барои иштиғоли қонунии 250 ҳазор паноҳанда ишора кард.

Ҳамчунин бар асоси дастури раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, таҳсили муҳоҷирони афғон ҳам қонунӣ ва ҳам ғайриқонунӣ дар Эрон ройгон аст.

Ин иқдомот танҳо гӯшае аз хадамоти густурдаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи паноҳандагон аст. Нигоҳ ба гузашта нишон медиҳад, ки Эрон тайи чаҳордаҳа бо амвоҷи густурдаи миллионҳо паноҳанда аз кишварҳои ҳамсоя мувоҷеҳ буда ва дар ин муддат натанҳо аз вуруди теъдоди зиёди паноҳандагон ҷилавгирӣ накард, балки бар асоси омӯзаҳои волои инсонӣ ва эътиқодоти динии худ ва фаротар аз тааҳҳудоти байналмилалиаш ин ҷамъияти азими инсониро пазируфт.

Ироаи ин хадамот ва иқдомоти инсондӯстона дар ҳоле будааст, ки Амрико бо таҳримҳои золимона ва ҷанги иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон, мавонеи мутааддиде дар иҷрои барномаҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод карда ва мӯҷиби ихлол дар хидматрасонӣ ба паноҳандагон шудааст.

Ба изъони Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, душвориҳои масоили паноҳандагони афғонистонӣ мутаассир аз таҳримҳо, ба таври музоаф бар Эрон, таҳмил шудааст.

Аз ин рӯ, ин интизоре, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва бавижа кишварҳои дар маърази муҳоҷират ва паноҳҷӯ ба ин масоил ба таври ҷиддӣ биандешанд, мутолибае ба ҳаққ аст. Изҳороти намояндаи Комиссари олии СММ, дар воқеъ ишора ба ҳамин нуктааст, ки ибрози умедворӣ кард, созу коре барои ҳимоятҳои бештар аз Эрон ва ҳамкории созмонҳои байналмилалии фаъол дар умури атбоъ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон андешида шавад.

Бадеҳӣ аст, ҷомеаи байналмилалӣ дар ин замина ва дар чорчӯби роҳи ҳаллҳои роҳбурди Комиссари олии паноҳандагон, масъулиятҳое дорад ва бояд ба тааҳҳудоти худ дар қиболи кишварҳои муҳоҷирпазир амал кунад то шароит ва заминаи бозгашти амн ва обурумандонаи довталабонаи паноҳандагон ба кишварашон фароҳам шавад.