Амири Ҳотамӣ: Эрон бар асоси қудрат ва иқтидори дарунӣ, ҳаргуна таҳдидеро посух хоҳад дод
(last modified 2020-01-21T07:49:02+00:00 )
Январ 21, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Амири Ҳотамӣ: Эрон бар асоси қудрат ва иқтидори дарунӣ, ҳаргуна таҳдидеро посух хоҳад дод

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси қудрат ва иқтидори дарунӣ, ҳаргуна таҳдиде дар ҳар сатҳеро посух хоҳад дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, амир сартип Амири Ҳотамӣ вазири дифои Эрон рӯзи душанбе дар Теҳрон, бо ишора ба баёноти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хутбаҳои ахири намози ҷумъаи Теҳрон мабнӣ бар мақулаи қавӣ мондан ва қавӣ шудан афзуд, қудрати дифоӣ, бастарсози қудрат ва дифои итминонбахш дар ҳамаи заминаҳост ва дар воқеъ пешрафти дигар муаллифаҳои қудрат дар низоми исломиро ба вуҷуд меоварад. Сартиб Ҳотамӣ бо ишора ба таърихи душмании Амрико зидди миллати бузурги Эрони исломӣ ҳадафи низоми султа аз тавлид ва истиқрори гуруҳҳои террористӣ дар минтақаро нобудии ислом ва ба дунболи он Ҷумҳурии исломии Эрон донист ва афзуд, ба баракати ҷонфишонӣ ва исори размандагони меҳвари муқовимат тавтеаи онҳо бо шикаст ру ба ру шуд.