Январ 23, 2020 14:27 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои моҷароҷӯии Амрико дар ғарби Осиё

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, иқдомот ва моҷароҷӯии низомии Амрико дар минтақаи ғарби Осиёро омили бесуботӣ дар ин минтақа донист ва гуфт, охирин намунаи ин моҷароҷӯӣ террори сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ аст.

Маҷиди Тахтиравончӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Нишасти Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бо мавзӯи минтақаи ғарби Осиё ва Фаластин хотир нишон кард, террори сардор Сулаймонӣ мисдоқи ошкори терроризми давлатӣ ва поймоли фоҳиши усули ҳуқуқи байналмиллал ва сабаби масъулияти байналмиллалии Амрико аст.

Моҷароҷӯии Трамп ҷаҳонро бо буҳронҳои мухталиф ру ба ру кардаст ва дар ин миён минтақаи ғарби Осиё мутаассир аз таҳаррукоти сиёсӣ ва низомии Амрико аст.

Истифодаи абзорӣ аз терроризм, ҳузури низомӣ дар Сурия ва Ироқ, ҳимояти низомӣ ва сиёсӣ аз режими саҳюнистӣ ва моҷароҷӯии низомии Амрико, минтақаи ғарби Осиёро бо буҳрон ру ба ру кардааст.

Ҳимоят аз сиёсати ҷангии режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ то ҳимоят аз сиёсати таҳрекомези режимҳои арабӣ, талош барои пешгирӣ аз тавсеаи фароянди давлат-миллатсозӣ дар Ироқ ва дар ниҳоят намоиши моҷароҷӯии низомӣ бо террори сардор Сулаймонӣ, Амрикоро ба кишваре ноамнкунунда дар минтақаи ғарби Осиё табдил кардааст.

Амрико, ки бо иддаои мубориза бо терроризм дар минтақаи ғарби Осиё ҳузур дорад; дар сояи эътилофи амрикоии зидди ДИИШ дар Сурия, нафти ин кишварро ҳадаф қарор додааст, дар Ироқ монеъ аз шукуфоии ин кишвар мешавад ва дар ниҳоят фармондеҳи воқеии майдони набард бо терроризм ва сиёсатҳои вайронкоронаи Амрикоро террор мекунад.

Паёмадҳои ин сиёсати Амрико чизе ба ҷуз идомаи ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақаи ғарби Осиё нест ва дар натиҷа муассиртарин роҳ барои тазмини сулҳу амнияти минтақаӣ, хуруҷи низомиёни Амрико аз минтақаи ҳассоси ғарби Осиё аст.

Имрӯз пас аз террори сардор шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, беш аз пеш замина барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз минтақаи ғарби Осиё фароҳам шудааст, чаро ки афкори умумии кишварҳои минтақа аз ҷумла Ироқ бо террори сардор Сулаймонӣ ба моҳияти воқеии Амрико пай бурдааст.

Маросими миллионии видоъ бо пайкари шаҳид сардор Сулаймонӣ дар Ироқ ва Эрон ва ҳамчунин гиромидошти ёду хотираи ин фармондеҳи шаҳид ва ҳамразмонаш дар саросари минтақаи ғарби Осиё заминаро барои амалисозии хостаҳои воқеии мардум яъне хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин минтақа фароҳам карда ва танаффури мардуми минтақа аз Амрико беш аз гузашта шудааст.

Бо террори сардор Сулаймонӣ камтар миллате дар минтақаи ғарби Осиё ва ҳатто ҷаҳон пайдо мешавад, ки Амрикоро иддаогари мубориза бо терроризм арзёбӣ кунад. Дар чунин шароите; ниҳояти паёмад ва интиқоми сахти моҷароҷӯии Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ, хуруҷи қатъии низомиёни амрикоӣ аз минтақаи ғарби Осиё аст ва ин танҳо роҳи бозгашти оромиш ва субот ба ин минтақааст.

Барчасп