Январ 26, 2020 13:18 Asia/Dushanbe
  • Номаи тааммулбарангези сардор шаҳид Сулаймонӣ ба хонаводаи аҳли Сурия

Саҳифаҳои маҷозӣ ба тозагӣ тасвире аз даст навиштаи сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ хатоб ба як хонаводаи суриро мунташир кардаанд, ки хондани он бисёр тааммулбарангез аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор шаҳид Қоисим Сулаймонӣ ин номаро барои хонаводае дар ҷануби шарқи Сурия навишта, ки нерӯҳои Муқовимат аз хонаи онҳо дар амалиёти озодсозии минтақаи Албукамол ба унвони қароргоҳи фармондеҳӣ истифода карда буд.

Сардор Сулаймонӣ дар ин нома аз соҳиби хона талаби ҳалолият карда ва бо додани шумораи хонааш дар Теҳрон, аз соҳибхона хостааст дар сурати тамоюл барои ҷуброни хасорат тамос бигирад.

Албукамол охирин шаҳри таҳти контроли ДИИШ буд, ки ду солу ду моҳ пеш ба фармондеҳии сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ аз тасарруфи ин гуруҳи террористӣ озод шуд.

Тарҷумаи ин номаро дар зер мехонед:

Хонаводаи азиз ва муҳтарам салому алайкум

Ман бародари кучаки шумо Қосими Сулаймонӣ ҳастам, ки ба яқин маро мешиносед.

Мо ба бародарони аҳли суннатамон дар саросари ҷаҳон хидмат мекунем. Ман шиа ҳастам ва шумо суннӣ ҳастед. Аммо ман ҳам ба навъе суннӣ ҳастам, зеро ба суннати расули Худо (с) эътиқод дорам ва ин шоАллоҳ дар роҳи ӯ ҳаракат мекунам ва шумо ҳам ба навъе шиа ҳастед, зеро аҳли байт (а)-ро дӯст доред. Аз Қуръони карим ва Саҳиҳи Бухорӣ ва дигар китобҳои хонаи шумо мутаваҷҷеҳ шудам, ки шумо инсонҳои боимоне ҳастед.

Аввалан аз шумо узр мехоҳам ва умедворам узри маро бипазиред, ки хонаи шуморо бидуни иҷоза истифода кардем.

Дуввум, ҳар хисорате, ки ба хонаи шумо ворид шуда, мо омодаи пардохти он ҳастем.

Аз сӯи худам ва шумо бо Қуръони карим истихора кардам ва дар ҷавоби ояҳо сураи муборакаи Фурқон дар саҳифаҳои 361 ва 362 зоҳир шуд. Умедворам, ки онҳоро бихонед ва ба ҳоли худ ва мо бияндешед.

Ман дар хонаи шумо намоз хондам ва ду ракъат намоз ҳам ба нияти шумо хондам ва барои шумо аз Худованди субҳон ва мутаол талаби оқибат ба хайрӣ кардам.

Аз он, ки мо бидуни иҷоза аз хонаи шумо истифода кардаем ва мадюни шумо ҳастем, ин шумораи тамоси мо дар Эрон аст; лутфан тамос бигиред, ман омодаам ҳар он чи бихоҳед анҷом диҳам. (Ҷуброни хисорат кунам)

Муҳтоҷи дуои шумо ҳастам

Бародар ё фарзанди шумо

Сулаймонӣ

Барчасп