Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар марқади имом Хумайнӣ ( р) ва гулзори шаҳидон
(last modified 2020-02-01T08:05:25+00:00 )
Феврал 01, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар марқади имом Хумайнӣ ( р) ва гулзори шаҳидон

Ҳамзамон бо оғози даҳаи Ааҷр ва дар остонаи чилу якумин солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломӣ , Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар марқади муттаҳари имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии садои Хуросон , ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин субҳи имрӯз ( шанбе ) бо ҳузур бар мазори шаҳидони олимақом Оятуллоҳ Биҳиштӣ, Раҷоӣ, Боҳунар ва шаҳидони ҳодисаи ҳафтуми тир ,болобудани дараҷоти ононро аз Худованди мутаол масалат карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сипас дар гулзори шаҳидон ҳузур ёфтанд ва бо дуруд ва салом ба арвоҳи муттаҳари муҷоҳидони роҳи Худо ва мудофиони иззат ва иқтидори Эрони исломӣ , барои истимрори ҳаракати пурифтихори миллати Эрон дуо карданд.

Имрӯз ( шанбе ) 12 баҳман баробар бо 1 феврал 2020 милодӣ, оғози даҳаи мубораки фаҷри инқилоби исломии Эрон аст.

41 сол пеш дар чунин рӯзе , давоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ( аввали феврали 1979 ) Ҳазрати имом Хумайнӣ (р) , пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъийд аз ватан, дар миёни истиқболи пуршури мардум, қадам ба хоки эрони исломӣ гузошт.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди имом Хумайнӣ (р) ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 ( 11 феврали соли 1979 ) Инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид ; ба ҳамин далел , аз рӯзи давоздаҳуми баҳман , яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (р) ба Эрон бо бистудуввуми баҳман ,ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, даҳаи Фаҷр номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.