Раҳбари муаззами инқилоб: Душман барои зарба задан ба мабонии асосии Инқилоби Исломӣ барнома дорад
(last modified 2020-02-03T15:51:36+00:00 )
Феврал 03, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Душман барои зарба задан ба мабонии асосии Инқилоби Исломӣ барнома дорад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни инки душман барои шиносоии нуқоти муассири инқилоб ва зарба задан ба мабонии асосии он барнома дорад, гуфтанд, ҳавзаҳои илмия аз ҷумлаи мақосиди душманон аст.

Ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар дидори аъзои Шӯрои олии ҳавзаҳои илмияи Эрон, ҳадаф аз Инқилоби Исломӣ ва ҷонфишононӣ ва фидокориҳои имом Хумайнӣ(раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ба самар расондани ин наҳзатро таҳаққуқи ҳокимият ва шариати исломӣ донистанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар шиносоии истеъдодҳо ва зарфиятҳои пинҳони фикрӣ дар туллоби ҷавон, афзуданд, дар бахшҳои гуногуни кишвар, баъзан корҳои бузург ва ибтикороти шигифтангезе ба дасти ҷавонон анҷом мешавад ва дар бахши ҳавза ва талабагӣ низ яқинан чунин истеъдодҳои вуҷуд доранд, ки бояд шиносоӣ ва дар ҳалқаҳои фикрӣ ба кор гирифта шаванд ва аз онҳо масъулият хоста шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор тасреҳ карданд, сиёнат аз шӯри инқилобӣ ва туллоби ҷавон бо таваҷҷуҳ ба ончи имом Хумайнӣ(раҳ) дар авохири ҳаёти муборакашон баён фармуданд (маншури рӯҳоният) як зарурат аст.