Феврал 09, 2020 11:35 Asia/Dushanbe

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт, бо вуҷуди таҳдидҳои душман, тақозои сармоягузории хориҷӣ дар Эрон дар 10 моҳи гузашта, 50 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта (1397) афзоиш доштааст.

Ба нақл аз Хабаргузории  садо ва симо, Фарҳод Дижпасанд вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон шомгоҳи шанбе дар ҳошияи севвумин Нишасти ҳамандешӣ бо соҳибназарони иқтисодӣ дар Теҳрон афзуд, дар 10 моҳи гузашта беш аз 4 миллиарду 500 миллион доллар тақозои сармоягузории хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи Эрон ба хусус дар бахши энержӣ дарёфт шудааст.

Дижпасанд тасреҳ кард, рушди 50 дарсадии тақозои сармоягузории хориҷӣ дар Эрон дар  шароити таҳримҳо, нишондиҳандаи вуҷуди ҷаззобияти сармоягузорӣ дар иқтисоди Эрон шикананда будани таҳримҳост.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико майи 2018 дар тасмиме ғайриқонунӣ, ин кишварро аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хориҷ кард ва таҳримҳо зиддиЭронро баргардонд.

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон чанде пеш низ эълом кард, арзиши содироти ғайринафтии Эрон дар яксолу ними гузашта беш аз 61 миллиард доллар буда, ки нишонгари рушди содироти ғайринафтӣ бо таваҷҷуҳ ба ташдиди таҳримҳо зидди ҷумҳурии исломӣ аст.

Барчасп