Дафъи ҳамлаи сайберии густарда ба зерсохтҳои иртиботии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50714-Дафъи_ҳамлаи_сайберии_густарда_ба_зерсохтҳои_иртиботии_Эрон
Муовини вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон аз дафъи ҳамлаи сайберии густарда ба зерсохтҳои иртиботии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 09, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаи сайберии густарда ба зерсохтҳои иртиботии Эрон

Муовини вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон аз дафъи ҳамлаи сайберии густарда ба зерсохтҳои иртиботии ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Ҳамид Фаттоҳӣ муовини вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон гуфт, ҳаккерҳои иҷораӣ, густардатарин ҳамлаи сайбериро, ки то кунун дар Эрон таҷриба шудааст зидди зерсохтҳои кишвар иҷро карданд.

Фаттоҳӣ афзуд, ҳаккерҳо аз миллионҳо мабдаъ, миллионҳо мақсадро ҳадаф гирифтанд ва ба дунболи ихтилоли саросарӣ дар шабакаи интернети Эрон буданд, аммо ин ҳамла дафъ шудааст.

Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрумӣ вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон низ чанде пеш эълом кард, Эрон аз марти 2018 то марти 2019, 33 миллион ҳамлаи сайбериро хунсо кардааст.

Ҳамлаи сайберӣ ё ҷанги маҷозӣ ба навъе аз набард дар арсаи ҳозир гуфта мешавад, ки ду тараф аз кампютер ва ба хусус шабакаи интернет ба унвони абзор истифода мекунанд, дар ин шева талош мешавад, то системаи иртиботӣ, кампютерӣ ва интернетии кишвари муқобил аз короӣ хориҷ шавад.