Баргузории роҳпаймоии 22 баҳман дар 5200 шаҳр ва рустои Эрон
Қоиммақоми Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон аз баргузории роҳпаймоии 22 баҳман дар 5200 шаҳр ва рустои кишвар хабр дод.
Нусратуллоҳ Лутфӣ, қоиммақоми Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин, ки 22 баҳмани имсол бо номи "Инқилоби исломӣ зиндаву пӯё дар партави вилоятмадорӣ, ҷиҳод ва муқовимат" номгузорӣ шудааст, гуфт:
Роҳпаймоии 22 баҳмани имсол дар 1000 шаҳр ва 4200 рустои Эрон ба сурати ҳамзамон баргузор мешавад.
Лутфӣ афзуд: 6000 хабарнигори эронӣ ва хориҷӣ маросми роҳпаймоии 22 баҳман ва барномаҳои даҳаи фаҷри инқилоби исломиро дар саросари Эрони исломӣ пӯшиш мекунанд.
Нусратуллоҳи Лутфӣ, қоиммақоми Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон афзуд: Мардуми Эрони исломӣ бо ҳадафи байъат бо инқилоби исломӣ, ормонҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар 22 баҳман (11 феврал ) роҳпаймоӣ хоҳанд кард.
Вай бо ишора ба ҷанги иқтисодии душманон бо Эрон тасреҳ кард: Мардуми Эрон бо ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман, тавтеаҳои душманонро хунсо хоҳанд кард.