Феврал 14, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими чиҳилумин рӯзи шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ; Интишори васиятномаи сардори муқовимат

Маросими чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамразмонаш бо ҳузури мақомот ва мардуми Эрон шомгоҳи панҷшанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин маросим фарозҳое аз васиятномаи шаҳид Сулаймонӣ тавассути сардори сартип Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қироат шуд.

Сартип Қоонӣ дар ин маросим бо таъкид бар ин ки шаҳид Сулаймонӣ қаҳрамон ва фармондеҳи бебадили ҷабҳаи муқовимат буд, изҳор дошт, сипаҳбуд Сулаймонӣ дар ҳар майдоне, ки инқилоби исломӣ иқтизо мекард, мардона ҳозир мешуд, дилерона амал мекард ва муваффақ аз майдон хориҷ мешуд.

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд, абъоди шахсияти ин инсони арзишманд ба далели ихлосе, ки дошт, камтар шинохта шудааст.

Дар маросими чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ илова бар масъулони кишварӣ ва лашкарии Эрон, меҳмононе аз кишварҳои Ироқ, Лубнон ва Сурия низ ҳузур доштанд.

Мардуми дигар шаҳрҳои Эрон низ имрӯз (панҷшанбе) бо баргузории маросими гиромидошт, зимни қадрдонӣ аз посухи кӯбандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҷинояти террористии Амрико, бар муқобила бо ҳар гуна тавтеаҳои Амрико ва хурӯҷи нерӯҳои террорист он аз минтақа таъкид карданд.

Сардори шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки севуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси шаҳиди Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии террористҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дар посух ба ин иқдоми террористӣ, ҳаштуми январ бо беш аз 10 фарванд мушак, пойгоҳи “Айнуласад” –и Амрико дар устони Аланбори Ироқро дарҳам кӯбид.

 

Барчасп