Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : маросими хоксупории шаҳид Сулаймонӣ ҳодисаи азимеро ба вуҷуд овард
(last modified 2020-02-15T12:14:36+00:00 )
Феврал 15, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : маросими хоксупории шаҳид Сулаймонӣ ҳодисаи азимеро ба вуҷуд овард

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки гиря дар маҷлисҳои шаҳидон гиряи зафъ ва нотавонӣ нест гуфтанд, маросими ба хоксупории шаҳид Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамразмонашон ҳодисаи азимеро дар Эрон ва дигар кишварҳо ба вуҷурд овард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидрри ҳазор нафар аз маддоҳон ва зокирони аҳли байт алайҳимуссалом гиря дар маҷлисҳои шаҳидонро гиряи ирода, азм ва баёни эҳсосоти олии як инсони дар мобайни майдон унвон карданд ва афзуданд, гиря дар маҷлисҳои шаҳидон василае барои эҳсоси иззат, қудрат ва шуҷоат аст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки вазифаи ҷомеаи маддоҳ, мудирияти шодӣ ва азои ҷомеааст, тасреҳ карданд, суннати ин кор аз замони имомони атҳор алайҳиссалом поягузорӣ шуд ва то ба имрӯз идома дорад. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки маорифи аҳли байт алайҳиссалом силоҳи масуниятбахши ҷомеа ва низоми исломӣ аст, гуфтанд, ҷавонони кишвар бояд ба силоҳҳои ҷанги нарм яъне қудрати руҳӣ ва фикрӣ таҷҳиз шаванд. Ҳамзамон бо иди валодати ҳазрати Заҳро саломуллоҳ алайҳо, ҳазорон нафар аз маддоҳон ва зокирони аҳли байт имрӯз (шанбе) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дидор карданд.