Тавонмандиҳои илмӣ ва фанноварии санъати дифоии Эрон дар хидмати тавсеаи саноеи дигар
(last modified Tue, 18 Feb 2020 09:22:58 GMT )
Феврал 18, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Тавонмандиҳои илмӣ ва фанноварии санъати дифоии Эрон дар хидмати тавсеаи саноеи дигар

Мутахассисони ҷавони санъати дифоии Эрон бо такя бар дониши бумӣ ва зарфиятҳои дохилӣ тавонистаанд ба тавоноии сохт ва тавлиди печидатарин дастовардҳои пешрафтаи электроникӣ ва микроэлектроникии ҳавзаи дифоӣ даст ёбанд.

Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар боздид аз намоишгоҳи бумисозии қатаоти электроникӣ ва микроэлектроникии ширкати саноеи электроники Эрон дар Теҳрон, тарроҳӣ ва сохти ҳудуди 310 қитъа барои сомонаҳои мухталифи радарӣ, иртиботӣ, мушакӣ, ҳавоӣ ва дарёиро дар шароити таҳрим, иқдоме инқилобӣ ва ҷиҳодӣ донист.

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин дар ин намоишгоҳ аз 15 маҳсули муҳим ва гулӯгоҳии санъати худрави Эрон рӯнамоӣ кард.

Сартип Ҳотамӣ бо ишора ба ташдиди таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон тасреҳ кард, аз саррези фанновариҳои пешрафтаи ҳавзаи дифоии Эрон, 15 маҳсули гулӯгоҳӣ, ки мавриди ниёзи шадиди худравсозон буд, тайи 2 соли ахир бо сарфаҷӯии беш аз 60 миллион доллар тавлид ва ин қатаот дар ихтиёри санъати худравии кишвар қарор гирифтааст.

Мутолеоти пажӯҳишӣ нишон медиҳад, яке аз мавзӯоти муҳиме, ки дар ҳавзаи фанноварӣ ва тавсеаи санъатӣ мавриди таъкид қарор дорад, нақши фаъолиятҳои илмӣ дар саноеи дифоӣ аст. Ин санъат ба далели аҳамият ва ҳассосият ҳамвора бар асоси фанновариҳои ҷадид ва мабонии илмӣ ҳаракат мекунад. Дар ин миён, бисёре аз кишварҳо аз ин фурсат истифода карда ва саъй кардаанд тавонмандиҳои илмии дифоии худро ба арсаҳои илмӣ ва донишгоҳӣ интиқол диҳанд.

Ба унвони мисол, дар ин росто марокизи низомии бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарордодҳои таҳқиқотии калонеро бо марокизи донишгоҳӣ ҷиҳати тавсеаи фанновариҳои пешрафта анҷом додаанд.

Мутолеоти пажӯҳишӣ низ таъсири мусбати фанновариҳои илмӣ дар саноеи дифоӣ бар рушди иқтисодии соири саноеъро нишон медиҳад. Дар таҳқиқе, ки дар ин замина дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тавсеа анҷом шуда, таъсироти интиқоли фанновариҳо дар ин бахш бар иқтисоди санъатӣ мусбат арзёби шудааст. Натоиҷи майдонии ин мутолеа нишон медиҳад, пешрафтҳо дар саноеи дифоӣ таъсире мусбат бар рушди иқтисодӣ дар 109 кишвари ҷаҳон доштааст.

Муҳаммадмаҳдии Нажоднурӣ, устоди донишгоҳи санъатии “Молик Аштар” дар ин замина ба тавсеаи илмӣ дар риштаҳои мухталифе ҳамчун фанноварии нано, сохти қатаоти мошин ва соири риштаҳо дар Эрон ишора мекунад, ки пояи он бар асоси пажӯҳишҳои нерӯҳои дифоӣ будааст.

Вай дар ин бора, ки тавсеаи фанновариҳои дифоӣ чӣ таъсироте дар пешрафтҳои санъатии кишвар доштааст, мегӯяд: Акнун худравҳои барқӣ ё моторҳои электроникӣ, ки дар дунё ба шакли густурдае дар ҳоли пешрафт аст, бахши муҳиме аз тавонмандиҳояш дар бахши дифоӣ мавҷуд аст, ки метавонад ба кумаки санъат биёяд.

Вай ба унвони мисол ба фанноварии пешрафтаи сохти системаи контроли электронӣ дар бархе худрав ишора мекунад, ки дар бахши саноеи дифоъ тавлид мешаванд ва аз технологияи болое бархур дор аст. Дар ҳавзаҳои фаннӣ ва муҳандисии саноеи нафт ва соири ҳавзаҳо низ намунаҳои бисёр зиёде аз ин навъ фанновариҳо вуҷуд дорад.

Дар ин замина метавон ба сохти моторҳое ишора кард , ки барои пумпожи чоҳҳои нафт ё полоишгоҳҳо истифода мешавад. Фанноварии ин моторҳо бар асоси ниёзи бахши дифоӣ дар ҳавзаи моторҳои ҳавоӣ ба даст омадааст. Акнун бахшҳое аз ҳамин фанновариҳо ба ширкатҳои санъатӣ ва соири марокизи санъатӣ интиқол ёфтааст. Дар ҳавзаи саноеи шимиёӣ низ анвоъ ва ақсоми котолизорҳо ва фанновариҳое, ки дар ин бахшҳо мавриди ниёзи кишвар аст, дар саноеи дифоии Эрон тавлид шудааст.

Ин зарфиятсозиҳо нишон медиҳад , ки тавсеа дар зерсохтҳои санъатӣ ба мизони таваҷҷуҳ ва барномарезии онҳо дар тавсеаи улум, таҳқиқот ва эҷоди фанноварӣ бастагӣ дорад. Ин мавзӯъ дар асл ҳамон мавзӯи “қудрат” аст, ки дар санҷиши қудрати миллии як кишвар мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Суханони амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар боздид аз намоишгоҳи бумисозии қатаоти электроникӣ ва микроэлектроникии ширкати саноеи электроники Эрон низ таъкид бар аҳамияти тавонмандиҳои мавҷуд дар саноеи дифоии кишвар аст, ки метавонад дар қолаби ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ бо соири бахшҳо, аз ҷумла санъати худравсозии кишвар, ба иртиқои кайфии тавлидот ва таъмин қатаоти мавриди ниёзи ин санъат ва убур аз таҳримҳо кумак кунад.