Гузориши ҷолиби «Алмаёдин» дар остонаи интихобот аз барафрошта шудани парчами Эрон дар саросари Теҳрон
(last modified 2020-02-19T17:13:05+00:00 )
Феврал 19, 2020 22:13 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ҷолиби «Алмаёдин» дар остонаи интихобот аз барафрошта шудани парчами Эрон дар саросари Теҳрон

Як шабакаи хабарии лубнонӣ, ки баъд аз таҳаввулоти солрӯзи инқилоби исломӣ, ахбори интихоботи маҷлисро пӯшиши расонаӣ медиҳад, аз насби теъдоди зиёде парчами Эрон дар Теҳрон гузориши хабарӣ таҳия кард.

Ба гузориши «Форс», парчамҳои ба эҳтизоз даромада дар Теҳрон, таваҷҷуҳи шабакаи хабарии «Алмаёдин» -и Лубнонро, ки ин рӯзҳо ба далели солрӯзи инқилоби исломӣ ва баргузории интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ аз студияи Теҳрон дар ҳоли пӯшиши вижаи таҳаввулоти Эрон аст, ба худ ҷалб кард.

Хабарнигори эъзомии «Алмаёдин» дар гузорише гуфт: «Ин ҷо Теҳрон, ҳар чӣ қадар ҳам назарот, рӯйкардҳо, аҳзоб ва гурӯҳҳои мутааддид ва мухталиф бошанд, рӯйкардашон яке аст, ҳамон тавр, ки парчамашон яке аст».

Хабарнигор гуфт: ин парчами серангии сурх, сафед ва сабз, ки вожаи Аллоҳ дар маркази он қарор гирифта, таърихи чиҳил солаи Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳикоят мекунад, ки ҳадафаш ҳамеша эҷоди ваҳдат будааст.

Хабарнигори «Алмаёдин» изофа кард, дар пойтахт ҳар куҷо ва ба ҳар сӯ, ки биравед, парчамҳои серанги Эронро барафрошта мебинед.

Ранги сабзи парчам намоди сарзиндагӣ ва сарсабзии сарзамини Эрон ва вуҷуди ҳаёту зиндагӣ дар он аст. Ранги сафед намоди сулҳ ва ранги сурхи он ҳамеша намоди шуҳадое аст, ки хунашонро дар роҳи Эрон доданд.

Гузоришгари «Алмаёдин» дар поён бо ишора ба вуҷуди бархе парчамҳои муносибатии дигар дар канори парчами Эрон гуфт, ҳар чӣ қадар ҳам, ки муносибот бештар шавад ва парчамҳои дигар насб шавад, боз ҳам ваҷҳи муштараки ҳамаи эрониён парчами Эрон аст. Намоде, ки вобастагии муштараки эрониёнро ба онон ёдоварӣ мекунад. Вобастагӣ ба меҳане, ки дар муқобили ҳама чолишҳо бо ваҳдат тақвият хоҳад шуд.