Кишварҳои минтақа харидори таҷҳизоти нафтии Эрон
Муовини вазири нафт дар умури муҳандисӣ, пажӯҳишу фанноварии вазири нафти Эрон аз содироти таҷҳизоти нафтии Эрон ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказиву халиҷи Форс хабар дод.
Муҳаммадризо Муқаддам, муовини вазири нафт дар умури муҳандисӣ, пажӯҳишу фанноварии вазири нафти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА таъкид кард: "Ҳамакнун бархе таҷҳизоти санъати нафти тавлидӣ содир мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказиву ҳошияи халиҷи Форс аз харидорони он ба шумор мераванд".
Муқаддам дар бораи бумисозӣ ва сохти таҷҳизоти санъати нафти Эрон таъкид кард, созандагони Эрон акнун тавони сохти 60 то 65 дарсади таҷҳизоти мавриди ниёзи санъати нафтро доранд.
Муқаддам дар бораи бумисозии гурӯҳҳои 10- гонаи колову таҷҳизоти санъати нафт дар дохили Эрон гуфт, бар асоси баровардҳо маҷмӯи арзиши тавлидии ин маҳсулот наздик ба 2 миллиард доллар аст.