Феврал 22, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Поёни райгирии интихоботи Эрон ва оғози шумориши оро

Райгирии интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва аввалин миёндавраи панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ соати 24 ҷумъа шаб ( ба вақти Теҳрон ) поён ёфт ва билофосила шумориши оро оғоз шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва аввалин миёндавраи панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ рӯзи ҷумъа аз соати 8 субҳ барои таъйини 290 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар 208 ҳавзаи интихобия ва ҳафт намояндаи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар панҷ ҳавзаи интихобия ( Теҳрон, Қум, Форс, Хуросони шимолӣ ва Хуросони Разавӣ ) оғоз шуд.

Ин  интихобот қарор буд соати 18 аср ( ба вақти маҳалӣ ) поён ёбад аммо ба далели ҳузури пуршури мардум дар пои сандуқҳои рай, замони райгирӣ 4 бор тамдид шуд.

Бори аввал ба муддати ду соат ва бори севвум ба муддати як соат дар саро сари Эрон ва бори чорум ба муддати як соат дар бархе устонҳои Эрон замони райгирӣ тамдид шуд.