Феврал 22, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Эрон ба 5 тан расид

Теъдоди ашхоси мубтало ба коронавирус дар Эрон дар маҷмӯъ ба 28 нафар расид, ки аз ин теъдод 5 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ба нақл аз ИРНО, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе эълом кард, токунун 785 фарди машкук ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ ва озмоиш шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд, аз ин теъдод ибтилои 10 нафар ба коронавирус қатъӣ шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба омори 18 нафари рӯзи гузашта, маҷмӯи ин мубталоён ба 28 нафар расид.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар ба беш аз 25 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷануӣ, Жопон,Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам гузаштааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.