Талафоти коронавирус дар Эрон ба 8 тан расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51146-Талафоти_коронавирус_дар_Эрон_ба_8_тан_расид
Раиси Маркази равотити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Теъдоди талафоти бемории коронавирус дар Эрон ба 8 тан ва шумори мубталоён ба 43 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 23, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Талафоти коронавирус дар Эрон ба 8 тан расид

Раиси Маркази равотити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Теъдоди талафоти бемории коронавирус дар Эрон ба 8 тан ва шумори мубталоён ба 43 нафар расид.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд:

Аз байни мавориди баррасишуда, аз рӯзи гузашта то зӯҳри имрӯз якшанбе теъдоди 15 нафари дигари мубтало ба "COVID 19" мавсум ба коронавирус шиносоӣ шуданд ва аз ин афрод дар 24 соати гузашта се нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бар асоси охирин омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи коронавирус, то алъон 78866 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд ва 2464 нафар ҷони худро аз даст додаанд.