Дуввумин заминларзаи 5/7 рихтерӣ дар вилояти Озарбойҷони Ғарбии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51162-Дуввумин_заминларзаи_5_7_рихтерӣ_дар_вилояти_Озарбойҷони_Ғарбии_Эрон
Зилзилае ба бузургии панҷу ҳафт даҳуми рихтер шаби гузашта бори дигар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ (шимолу ғарби Эрон)-ро ларзонд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 24, 2020 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин заминларзаи 5/7 рихтерӣ дар вилояти Озарбойҷони Ғарбии Эрон

Зилзилае ба бузургии панҷу ҳафт даҳуми рихтер шаби гузашта бори дигар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ (шимолу ғарби Эрон)-ро ларзонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин заминларза дар соати 19:30 ба вақти Эрон дар минтақаи Заробод дар шимоли вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ рӯй дод.

Субҳи дирӯз заминларзае ба бузургии панҷу ҳафт даҳуми дараҷа дар меқёси амвоҷи дарунии замин (рихтер) минтақаи Қутур дар Озарбойҷони Ғарбиро ларзонд, ки бар асари он 85 нафар масдум шуданд.