Феврал 27, 2020 15:38 Asia/Dushanbe
  • Тавонмандиҳои Эрон барои мубориза бо бемории Карона

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ; Эрон аз тавонмандиҳои лозим барои мубориза бо Карона бархурдор аст.

Ба нақл аз Форс,Ба ибтикори Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз зуҳри ( чоршанбе ) 26 феврал нишасте бо ширкати намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, мақомоти Вазорати беҳдошт ва бо даъват аз сафирон ва раисони намояндагиҳои хориҷии муқими Теҳрон дар маҳали Вазорати умури хориҷа баргузор шуд.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт таи суханоне дар ин нишаст изҳор дошт ; Эрон аз зарфиятҳои лозими бунёдин барои мудирияти ин беморӣ бархурдор аст.

Мудирони Вазорати беҳдошти кишварамон низ дар ин ҷаласа зимни ироаи охирин вазъияти муқобила бо вируси Карона дар Эрон, бар таъаҳуд ва пойбандии кишварашон ба муқарароти шинохташудаи байналмиллалӣ дар ҳавзаи беҳдошт таъкид карданд. Ҳамчунин бар ин нукта таъкид шуд,ки Эрон воҷиди тамоми тавонмандиҳои фанӣ ва тахасусии лозим барои муқобила бо Карона аст.

Намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонии (WHO) дар ин нишаст тавонмандӣ ва амалкарди Эронро як намунаи мувафақ ва мисолзаданӣ дар ҷаҳон ва минтақа зикр кард.

Бо таваҷуҳ ба иқдомҳои шафофи кишварашон дар ин замина ва иттилорасонии кофӣ ва муасир дар хусуси ин беморӣ дархости мақомоти беҳдоштӣ ва зирабт ва ҳамчунин намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ эҳтироз аз эъмоли тазйиқотӣ фаротар аз устондордҳо ва муқарароти байналмиллалӣ ба вижа дар ҳавзаи таъомулоти тиҷорӣ буд.