Чин китҳои ташхисӣ ва дастгоҳҳои танаффусӣ ба Ҳилоли Аҳмари Эрон эҳдо кард
Созмони Салиби Сурхи Чин дар пайи шуюи коронавирус дар Эрон дастгоҳҳои танаффусӣ, китҳои ташхисӣ ва тақвиятӣ ба ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон эҳдо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар баёнияе эълом кард, Салиби Сурхи Чин бо таваҷҷуҳ ба шуюи коронавирус дар Эрон ва ба манзури кумак ба пешгирӣ ва контроли шуюи ин беморӣ, иқдом ба эҳдои 13 дастгоҳи танаффусӣ, 40 кити ташхисии озмоишгоҳии коронавирус, 40 кити кӯмакии ташхиси коронавирус ва 40 дастгоҳ барои намунабардории ин вирус аз тариқи бузоқ (оби даҳон) ва мухотҳои ҳалқӣ ба Ҳилоли Аҳмари Эрон эҳдо кардааст.
Арзиши маҷмӯи кӯмакҳои Салиби Сурхи Чин ба Ҳилоли Аҳмари Эрон беш аз 8 миллиону 900 ҳазор юани Чин (ҳудуди як миллиону 300 ҳазор доллар) аст.
Тиме аз пизишкони мутахассиси чинӣ низ ба тозагӣ барои ҳамкорӣ бо пизишкони эронӣ дар мубориза бо коронавирус ба Теҳрон сафар кардаанд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳамзамон бо оғози шуюи коронавирус дар Чин як миллион ниқоб (маск) ба Салиби Сурхи ин кишвар эҳдо кард.
Теъдоди мубталоёни қатъӣ ба коронавирус дар Эрон токунун 593 нафар эълом шудааст, ки 123 нафар беҳбуд ёфта ва мураххас шуда ва 43 нафар низ фавт кардаанд.
Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 85 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд.
Ин вирус маъмулан аз тариқи тарашшуҳоти бархоста аз атса ё сулфаи фарди олӯда сироят мекунад.
Ибтило ба ин вирус ибтидо бо таб ва сипас сулфаҳои хушк намоён мешавад ва метавонад ихтилолоти танаффусии шадид ва уфунати ҳодди риявӣ эҷод кунад.