Зариф:Амрико пас аз 19 сол таҳқир дар Афғонистон таслим шуд
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбе дар Твиттер бо ишора ба имзои тавофуқи сулҳ миёни гурӯҳи Толибон ва Амрико навишт, акнун пас аз 19 сол таҳқир, Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди таслими худро дар Афғонистон додааст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Муҳаммадҷаводи Зариф бо баёни инки ишғолгарони амрикоӣ набояд ҳаргиз ба Афғонистон ҳамла мекарданд афзуд, чи дар Афғонистон ва чи дар Сурия, Ироқ ё Яман, мушкил Амрико аст.
Зариф дар поён навишт, Амрико минтақаро тарк хоҳад кард, аммо вайронии густардае пушти сараш боқӣ мегузорад.
Пас аз як сол музокироти фишурда асри рӯзи шанбе Амрико ва Толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар тавофуқномаи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.
Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла бурданд, аммо аз он замон то кунун, ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рушди чашмгире доштааст.
Мақомот ва мардуми Афғонистон борҳо аз идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар он кишвар интиқод карда ва хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистонро хостор ҳастанд.