Март 07, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз ҳазору 600 бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун ҳазору 600 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфтаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, то кунун мавориди ибтилои қатъӣ ба коронавирус дар Эрон ба 5 ҳазору 823 нафар ва фавти бархоста аз он ба 145 тан расидааст.

Шуюи коронавирус декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд, ки зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 90 кишвари дигар  низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 101 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод камаш 3 ҳазору 400 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп