Фишори ҳаддиаксарии Амрико дар замони муборизаи Эрон бо коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51738-Фишори_ҳаддиаксарии_Амрико_дар_замони_муборизаи_Эрон_бо_коронавирус
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, иддаоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи боз будани роҳҳои таъмини колоҳои доруӣ барои Эрон чизе ба ҷуз фиреб нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 12, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Фишори ҳаддиаксарии Амрико дар замони муборизаи Эрон бо коронавирус

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, иддаоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи боз будани роҳҳои таъмини колоҳои доруӣ барои Эрон чизе ба ҷуз фиреб нест.

Аббоси Мусавӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Эрон-Пресс, дар бораи иддаои боз будани масирҳои интиқоли дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон ҳамзамон бо шуюи коронавирус тасреҳ кард, бо яке аз кишварҳои маҳалии манобеи молии Эрон ҳудуди се ҳафта гуфтугӯ идома дорад, аммо амрикоиҳо иҷоза намедиҳанд манобеи молии Эрон вориди канали Швейтсария шавад.

Ҳамзамон бо шуюи коронавирус дар Эрон давлати Амрико муддаӣ шуд, роҳҳои ирсоли дору ва таҷҳизоти пизишкӣ аз канали Швейтсария ба Эрон боз буда аммо амалан ин иттифоқ рӯй надодааст.

Амрико амалан бо поймолсозии тааҳудҳои байналмиллалии худ дар пайи хуруҷ аз БАРҶОМ, таҳримҳои Амрикоро зидди миллати Эрон баргардонд ва дар чорчуби фишори ҳаддиаксарии Амрико вуруди маводи ғизоӣ, маводи доруӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон ҳам ҳадаф қарор гирифт.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳоле иддаои кумак ба Эронро дар ҷараёни коронавуирус матраҳ карда, ки ҳадафи аслии сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико, миллати Эрон аст, ки ҳамчунон ин рӯзҳо ҳам дар ҷараёни муборизаи эрониҳо бо коронавирус идома дорад.

Дархости вазири умури хориҷаи Амрико бар машрут кардани ирсоли кумакҳои ҷаҳониён ба Эрон дар баробари озодии зиндониёне ончи вай дутобеиятӣ хонд, нишондиҳандаи руйкарди таблиғотӣ ва фиребкоронаи Амрико аст, ки ҳатто коронавирусро фурсате барои идомаи фишори ҳаддиаксарӣ зидди миллати Эрон тафсир мекунад.

Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон ахиран дар вокуниш ба иддаои Амрико барои омодагии кумак ба Эрон дар пайи шуюи коронавирус гуфт, иддаои Амрико фақат бо амал ба тааҳудҳои қонунии ин кишвар дар тавофуқи БАРҶОМ ростиозмоӣ аст.

Сиёсати давлати Амрико ба вижа ҳадафи қарори ҳаққи ҳаёт ва зиндагии мардуми Эрон ба маънои ҷинояти зиддибашарият аст ва ба иборате таҳримкунандагони дору фақат поймолсози ҳуқуқи башар нестанд, балки қотили инсонҳо ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи Алии Боқирканӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон истифода аз ғизо ва дору ба унвони силоҳ зидди ғайринизомиён фақат як ном дорад ва он ҷиноят алайҳи башарият аст.

Ончи имрӯз барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст, Эрон дар хатти муқаддами мубориза бо вируси бидунимарзи корона қарор дорад. Эрон бо ҳамаи тангноҳои мавҷуд дар заминаи таҷҳизоти пизишкӣ ва доруӣ ба таври шаффоф ва ҳадафманд ҳамзамон дар ҳоли мубориза бо коронавирус ва дармони беморони мубатло ба ин вирус аст.

Акнун ҳамаи зарфиятҳои пизишкии Эрон дар бахшҳои мухталиф ҳатто зарфияти нерӯҳои мусаллаҳ дар хидмати мубориза бо коронавирус ва хизматрасонӣ ба мардум аст. Ба мувозоти ин иқдоми миллӣ, ширкатҳои донишбунёни эронӣ ҳам дар ҳоли кор бар рӯи сохти доруи коронавирус ҳастанд, ки ҳамзамон талошҳои майдонӣ-пизишкӣ ва таҳқиқотӣ-пизишкӣ, нишондиҳандаи ҳаракати ру ба пеши Эрон  дар замони мубориза бо коронавирус бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии Амрико аст.