Беҳбудии пиртарин бемори коронаӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51823-Беҳбудии_пиртарин_бемори_коронаӣ_дар_Эрон
Пиртарин бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо 91 сол син, беҳбуд ёфта ва нимаи дуввуми рӯзи якшанбе аз бемористон мураххас шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2020 08:25 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии пиртарин бемори коронаӣ дар Эрон

Пиртарин бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо 91 сол син, беҳбуд ёфта ва нимаи дуввуми рӯзи якшанбе аз бемористон мураххас шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббос Аббосзода, раиси Донишгоҳи улумпизишкии Бам дар вилояти Кирмони Эрон тасреҳ кард, ин фард собиқаи сафар ба шаҳрҳои даргири коронавирусро доштааст ва пас аз бозгашт ба Бам бо муроҷеа ба бемористон таҳти муроқибат ва анҷоми озмоиши коронавирус қарор гирифт.

Раиси Донишгоҳи улумпизишкии Бам бо баёни инки ин фард дорои норасоии қалбӣ, асм ва фишори хун низ будааст афзуд, фарди беҳбудёфта кишоварз буда, ки ҳамвора тағзияи солим доштааст.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун  аз маҷмӯи 13 ҳазору 938 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 4 ҳазору 790 нафари онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудааст.