Тағйири соати баҳорӣ дар Эрон
Ҳамзамон бо оғози соли нав ба монанди ҳар сол соатҳо дар Эрон як соат ба пеш кашида мешавад.
Ба гузориши Радиои Тоҷикии "Садои Хуросон", имсол низ ҳамчун солҳои гузашта аз соати 24 рӯзи якуми фарвардин (баробар бо 20 март) соати расмӣ дар Эрон як соат ба пеш кашида мешавад.
Бо ин тағйири соат ихтилофи замон миёни Тоҷикистон ва Эрон ба ним соат коҳиш меёбад.
Ин тағйири соат дар Эрон ба замони дарёфти барномаҳои Радиои Тоҷикии "Садои Хуросон" ба вақти Душанбе таъсире намегузорад ва шунавандагони ин радио метавонанд барномаҳои мавриди алоқаи худро ба мисли соатҳои ҳамешагӣ бишунаванд.
Ин дар ҳолест, ки мутобиқи қонуни Эрон ҳамаи корҳои расмӣ ва идорӣ ва аз ҷумла замони пахши барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ҳамчун Радиои Тоҷикии "Садои Хуросон" ба вақти Теҳрон як соат дертар оғоз мешавад.
Бар асоси тасвибномаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон ҳар сол дар ин кишвар дар аввали баҳор соати расмӣ як соат ба пеш кашида мешавад ва дубора дар рӯзи аввали тирамоҳ соатҳо ба монанди пеш боз мегардад.