Сукути гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар бораи нақзи ҳуқуқи миллати Эрон тавассути Амрико
(last modified 2020-03-18T07:44:24+00:00 )
Март 18, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Сукути гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар бораи нақзи ҳуқуқи миллати Эрон тавассути Амрико

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар баёнияе, сукути гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар бораи нақзи ҳуқуқи миллати Эрон тавассути Амрикоро маҳкум кард.

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи сешанбе бо ишора ба гузориши ахири гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард: Гузоришгари вижа дар гузориши имсоли худ дар қиболи анбӯҳе аз иқдомҳои хасмонаи режими Амрико, танҳо ба чанд маврид ва ба сурати комилан гузинишӣ ишора кардааст.

Дар ин баёния омадааст: Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар Эрон асосан ба феҳристи тӯлонии иқдомҳои ваҳшиёнаи Амрико алайҳи миллати Эрон дар як соли ахир зери по гузоштани "ҳаққи пешрафт", "ҳаққи рифоҳ", "ҳаққи зиндагии ором", "ҳаққи саломатӣ" ва ҳатто "ҳаққи ҳаёт" таваҷҷӯҳе накарда ва барои ҷилавгирӣ аз идомаи хушунати кӯр ва кинатӯзонаи режими Амрико алайҳи миллати Эрон ҳеҷ иқдоме накардааст.

Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин баёния таъкид кард: Маъмурияти бархоста аз раъйи сиёсии давлатҳое, ки бадтарин собиқа дар нақзи ҳуқуқи миллати Эронро дар 4 даҳаи гузашта доранд, наметавонад мудофеи ҳуқуқи миллати Эрон бошад.

 

Барчасп