Март 18, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Бонуи 103-солаи эронӣ коронавирусро шикаст дод

Бонуи 103-солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфт ва аз бемористон мураххас шуд.

Навиди Доноӣ, раиси Донишгоҳ улуми пизишкии устони Симнон, воқеъ дар шарқи Эрон эълом кард: Пиртарин зани мубтало ба коронавирус дар устони Симнон бо 103 сол син ва ҳоли умумии хуб аз бемористон мураххас шуд.

Пеш аз ин низ як пирамарди 91-солаи мубтало ба коронавирус ва бо бемориҳои заминаӣ чун норасоии қалбӣ, астма ва фишори хун дар шаҳристони Бам, воқеъ дар ҷануби шарқи Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористон мураххас шуда буд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯи 16 ҳазору 169 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 5 ҳазору 389 нафар бо беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.