Март 19, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии марди 90-солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон

Марди 90-солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон, бо беҳбуди вазъияти ҷисмонӣ аз бемористон мураххас шуд.

Ин марди 90-солаи эронӣ бо иродаи қавӣ баъд аз 7 рӯзи бистарӣ дар бемористон, бо беҳбудии комил ва бидуни ҳеҷ аломати коронавирус, ин вируси кушандаро шикаст дод ва рӯзи гузашта (чоршанбе) азх бемористоне мураххас шуд.

Пеш аз ин низ бонуи 103-сола ва марди 91-солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва бо вазъи умумии хуб аз бемористон мураххас шуданд.

 

Барчасп