Номгузории соли 1399 ба номи соли "Ҷаҳиши тавлид" аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
(last modified 2020-03-20T12:45:33+00:00 )
Март 20, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Номгузории соли 1399 ба номи соли

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми наврӯзии худ гуфтанд, ҷаҳиши тавлид бояд тағйири маҳсус дар зиндагии мардум эҷод кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ, бо ишора ба рӯзи аввали сол бо ишора ба тақоруни рӯзи аввали сол бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) ба пешгоҳи муқаддаси он ҳазрат салом ва дуруд фиристоданд ва бо табрики иди саиди мабъас ва иди пуртаровати Наврӯз ба ҳамаи миллат, бавижа хонаводаҳои муаззами шаҳидон ва ҷонбозон, ҷаҳодгарони арсаи саломат ва ҳамаи хидматгорони сахткӯш соли ҷадидро соли "Ҷаҳиши тавлид" номгузорӣ карданд.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо таслият ва табрик ба хонаводаҳои шуҳадои соли 98, аз ҷумла шуҳадои дифоъ аз ҳарам ва марзҳо ва дар раъси онон, шаҳиди бузургвор сардор Сулаймонӣ, шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамразмони онҳо ва ҳамчунин шуҳадои ҳодисаи Кирмон ва ҳодисаи ҳавопаймо ва шуҳадои саломат, соли 98-ро соле пурталотум барои миллати Эрон хонданд ва хотирнишон карданд: Соли қабл бо сел оғоз ва бо коронавирус тамом шуд ва дар тӯли сол низ ҳаводиси гуногуне, монанди зилзила ва таҳримҳо падид омад, аммо авҷи ин ҳаводис, ҷиноёти террористии Амрико ва шаҳодати сардори номдори Эрон ва ислом шаҳид Сулаймонӣ буд.

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: Соли қабл, соли сахте буд ва гирифториҳои мардум низ кам набуд,аммо дар канори сахтиҳо, сарбаландиҳои баъзан бесобиқае вуҷуд дошт ва миллати Эрон воқеан хуш дурахшид. Эшон равона шудани сели мардуми мӯъмин ва боҳиммат барои кӯмак манотиқи осебдида дар қазияи сели аввали солро, аз ҷумлаи зебоиҳои соли 98 баршумурданд ва афзуданд:

Ҳаяҷони умумӣ ва ҳузури даҳҳо миллион мардум дар ҳодисаи шаҳодати бузурги шаҳид Сулаймонӣ ва халқи иҷтимооти шукӯҳманд дар Теҳрон, Қум, Аҳвоз, Исфаҳон, Машҳад ва Кирмон, ки дар дунё ва дар таърихи кишвар беназир буд, ҷилваи дигаре аз сарбаландии мардуми ва мояи обрӯи кишвар ва иззати миллат буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фидокориҳои чашмгир ва таҳсинбарангези мардум дар қазияи коронавирусро намунаи дигаре аз дурахшиши милат дар соли 98 хонданд ва гуфтанд: Заҳамоти маҷҷмӯаҳои дармонӣ, яъне пизишкон,парасторон, беҳёрон, мудирон ва коркунони марокизи дармонӣ ва дар канори онҳо, хадамоти маҷмӯаҳои довталаби мардумӣ, монанди донишҷӯён, туллоб ва басиҷиён, ҳамагӣ мояи иззат ва обрӯст.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо баршумурдани мисдоқҳое аз ҳамкорӣ ва таовуни иҷтимоии мардум дар ин рӯзҳо, монанди тавлид ва пахши лавозими беҳдоштӣ, зиддиуфунӣ кардани роҳҳо, кӯмак ба афроди солманд, бахшидани иҷораҳо ва ба таъхир андохтани дарёфти мутолибот афзуданд: Миллати Эрон зебоиҳо ва фазоили худро дар хилоли ҳаводиси сахт нишон дод ва ман қалбан ва самимона аз ҳамаи ин фаъолиятҳо ва афрод ташаккур мекунам ва мужда медиҳам, ки подоши илоҳӣ дар интизори онҳо аст.

Эшон озмунҳои соли 98-ро озмунҳое душвор хонданд ва бо таъкид бар ин, ки ҳеҷ миллате бо роҳатталабӣ ва рифоҳҷӯии маҳз ба ҷое намерасад, гуфтанд:

Ғалаба бар душвориҳо ва убури борӯҳия аз онҳо, мӯҷиби қудратманд шудани як миллат ва касби иқтидор ва эътибор аст. Ҳамчунон, ки миллати Эрон то кунун ба ин шакл бар мушкилот ғалаба карда ва баъд аз ин низ хоҳад кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дарси дигари ҳаводиси мухталифро шинохти заъфҳои дарунӣ, хориҷ шудан аз ғурур ва ғафлат ва лузуми таваҷҷӯҳ ба парвардигор донист ва бо дархост аз худованд барои қарор додани соли 99 ба унвони сорли пирӯзиҳои бузург ва бо истимдод, аз пешгоҳи ҳазрати Бақиятуллоҳ барои ҳимоят аз мардуми мӯъмини Эрон гуфтанд: Миллат ҳамчунон, ки дар тӯли солҳои мутамодӣ шуҷоона ва бо рӯҳия бо ҳаводис мувоҷеҳ шуданд, аз ин пас низ бо рӯҳия ва умед бо ҳамаи ҳаводис бархӯрд кунанд ва мутмаин бошанд, ки талхиҳо мегузаранд ва юсру осонӣ дар интизори миллати Эрон хоҳад буд,чаро, ки اِنَّ مَعَ العُسرِ یُسرا.

Эшон дар идома ба арзёбии мизони пешрафти шиори соли 98, яъне "Равнақи тавлид" пардохтанд ва ба гузоришҳое мувассақ аз бозгашт ба кори бархе аз корхонаҳои рокид ё таътил, афзоиши зарифияти тавлиди баъзе аз воҳидҳо, ба майдон омадани ширкатҳои донишбунён ва бардоштани гомҳои ҷиддӣ дар пажӯҳиш ва таҳқиқ ба унвони сарчашмаи тавлид ишора намуданд.

Раҳбари муаззами инқилоб дар поён бо табрики муҷаддади соли ҷадид ва иди мабъас ва орзӯи ҷалби таваҷҷӯҳоти илоҳӣ, аз миллати Эрон хостанд, ба таври рӯзафзун ба таваҷҷӯҳот, тавассулот ва маънавиёти худ биафзоянд.