Март 27, 2020 16:02 Asia/Dushanbe
  • Зариф: ҷаҳон назорагари таҳримҳои қулдур набошад

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон банҷшанбе шаб дар паёми ТВИТТЕРИ бо ёдоварии ин, ки ҳатто Амрико низ ба унвони бузургтарин иқтисоди ҷаҳон барои муқобила бо Корона ниёзманди кумакҳои байналмиллалӣ аст, аз ҷомиаи байналмиллал хост назоратгари таҳримҳои Вашингтон набошад.

Ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Ҷавод Зариф дар ТВИТТЕР ба дархости кумаки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аз Кареяи ҷанубӣ барои муқобила бо вируси Корона ишора кард ва навишт: Корона дар ҳоли таҳмили хасоратҳои густарда ва сангине ба дунёст ва ҳеч кишваре дар амон нест. Ҳатто бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ҳам барои муқобила бо ин ҳамагирӣ ниёзманди кумаки дигарон аст: бо ин ҳол Вашингтон аз мутавақиф кардани терорризми иқтисодӣ алайҳи Эрон сарбоз намезанад.

Зариф дар идома бо тарҳи ин пурсиш, ки оё Амрико дар пайи як ҳамагири ҳамешгӣ аст таъкид карааст риоят накардани таҳримҳои қулдур, як зарурати ахлоқӣ аст.

Дар ҳафтаҳои ахир дар пайи шуюи Короона дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, ниҳодҳои байналмилаллиӣ ва шуморе аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Руссия, Покистон ва Чин хостори лағви таҳримҳои якҷониба ва ғайри қонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашитгтон, ки шомили ақломи асосӣ ва ҳатто доруи ва пизишки мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуи Эрон ба вижа беморони Коронаи шудааст.

Бо ин ҳол Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҷумъаи гузашта таъкид кард, ки бо лағви таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф аст.

 

Барчасп