Руҳонӣ: Муваффақият дар мубориза бо коронавирус дар Эрон ба далели ҳимояти мардум аст
(last modified 2020-03-31T16:11:40+00:00 )
Март 31, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Муваффақият дар мубориза бо коронавирус дар Эрон ба далели ҳимояти мардум аст

Раисиҷумҳури Эрон, муваффақияти кунунии кадри дармонии кишвар дар муқобила бо вируси коронаро ба далели ҳамкорӣ ва ҳимояти мардуми Эрон донист.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ- раиси  Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии мудирият ва муқобила бо коронавирус  бо қадрдонӣ аз ҳамроҳии мардуми Эрон дар тарҳи фосилагузориҳои иҷтимоӣ ва тамомии барномаҳои давлат дар муқобила бо коронавирус гуфт: Бар асоси эъломи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Эрон дар хусуси намудори рушди афроди мубтало ба коронавирус  дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон шароити беҳтаре дорад. Руҳонӣ бо қадрдонӣ аз кадри дармонии  Эрон афзуд: Вуруди афроди мубтало ба коронавирус ба бемористонҳои бархе устонҳои кишвар камтар шуда ва дар муқобил афроди беҳбудёфта рӯ ба афзоиш аст. Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин бо табрики дувоздаҳуми фарвардинмоҳ ба унвони Рӯзи ҷумҳурии исломӣ гуфт: 41 сол пеш дар чунин рӯзе низоми Ҷумҳурии исломии Эрон бо овозҳои қотеи мардум ба унвони низоми мусавваб ва доимии ин кишвар эълом шуд ва имрӯз ҳам ҷумҳурият ва исломият ба унвони ду рукни мавриди аҳамияти низом ва мардуми Эрон аст. Пас аз пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (ра), дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979 мелодӣ) ҳамапурсии ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд. Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсие, ки дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсади воҷидини ширкат дар ҳамапурсӣ, бо барқарории ҷумҳурии исломӣ мувофиқат карданд. Ба ҳамин муносибат, рӯзи дувоздаҳуми фарвардин дар тақвими Эрон рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шудааст.