Расвоии Натанияҳу пас аз талош барои тахриби чеҳраи Эрон
"Бениямин Натанияҳу" нахуствазири режими саҳюнистӣ ахиран дар нишасти кобинаи амниятии ин режим бо пахши як видео муддаи шуда буд ,ки Эрон қурбониёни короноиро дар миёни зуболаҳо дафн мекунад, аммо баъд маълум шуд, ки ин видео бахше аз як сериали телевизеонии марбут ба соли 2007 аст.
Бино ба гузориши ИРНА, коноли 13 телевизионии режими саҳюнистӣ дар гузорише ба нақл аз ду вазири кобинаи ин режим эълом кард, дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣпас аз пахши ин видео тавассути Натанияҳу мутаваҷҷеҳ шудааст, ки ин филм марбут ба як сериали кӯтоҳ будааст,ки дар соли 2006 дар Амрико пахш шудааст.
Бар асоси эъломи коноли 13 телевизиони режими маҳюнистӣ, Натанияҳу душанбеи гузашта ин видиоро барои аъзои кобинаи режими саҳюнистӣ пахш кардааст.
Ин видио ҳафтаи гузашта тавассути баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда буд ва Натанияҳу бидуни баррасии барои аъзои кобинаи режими саҳюнистӣ пахш кардааст.
Пас аз Натанияҳу низ мақомҳои Амрикоӣ, аз ҷумла Майк Помпео вазири хориҷии ин кишвар твлош карда буданд оморҳои расмии Вазорати беҳдошти Эрон дар хусуси мубталоён ва маргумири ноши аз вируси коронаро махдуш ҷилва диҳанд.
Тедрос Адханом Габрисос мудири кулли Созмони ҷаҳони тандурустӣ ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Амрикоии "Си Эн Си" ин фазосозиҳоро рад ва эълом карда буд, ин созмон бо созу корҳои фаннии худ бар амалкарди кишварҳо назорат дорад ва шавоҳиди аз махдуш будани оморҳои Эрон дар бораи корона надидааст.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Эрон Кристофер Ҳаммелман низ то кунун дар чандин мусоҳибаи радиои ва телевизеонӣ таҷҳизот ва кодри пизишкии Эронро сутуда ва шабакаи саломати Эронро беҳтарин дар минтақаи Ғарби Осиё муаррифӣ кардааст.