Апрел 04, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии бемори 106 солаи мубтало ба коронавирус дар Эрон

Пирамарди 106 солаи мубтало ба вируси корона дар Эрон бо беҳбуди вазъияти ҷисмонӣ аз бемористон мураххас шуд.

Бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон пас аз 14 рӯзи бистарӣ дар бемористон бо беҳбудии комил имрӯз (шанбе) тархис шуд ва ба хона бозгашт.

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол синн, бо иродаи қавӣ, ин вируси кушандаро шикаст доданд ва аз бемористон мураххас шуданд.

Вируси корона, ки номи расмии он КОВИД-19 аст, авохири соли гузашта  (2019) дар шаҳри "Вуҳон"-и Чин шиносоӣ шуд.

Ҳамакнун тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси корона ҳастанд ва омори мубталоён ба ин вирус  ба беш аз як миллион нафар дар саросари дунё афзоиш ёфтааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 59 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва дастикам  229 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун аз маҷмӯи 53 ҳазору 183 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 17 ҳазору 935 нафари онҳо беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 3 ҳазору  294 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп