Апрел 14, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: сипоҳ бо тамоми тавоноӣ дар майдону дар канори мардум аст

Раиси қувваи қазоии Эрон гуфт: сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳама тавоноӣ дар канори мардум аст.

Иброҳим Раисӣ раиси қувваи қазоии Эрон рӯзи сешанбе бо ҳузур дар размоиши саросарии дифои биологӣ ва амалиёти поксозии муҳитии неруи заминии сипоҳи посдорон таъкид кард: ба баракати Инқилоби Исломӣ ин тавоноӣ дар неруҳои мусаллаҳи Эрон вуҷуд дорад, ки метавонанд таҳдидҳоро ба фурсат табдил кунанд.

Раисӣ бо баёни инки имрӯз ҳар ҷо сухан аз хидмат аст номи сипоҳ медурахшад, афзуд: сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар кумак ва мусоидат ба мардум дар ҳавзаи офатҳо ва балоҳои табии ва ҳамчунин хидматгузорӣ ба мардум дар муқобили вируси манҳусе, ки саломати ҷомеаро таҳдид мекунад, ҳамвора ҳузур доштааст.

Раиси қувваи қазоии Эрон бо баёни инки таҷҳиз кардани бемористонҳои саҳроӣ кори бисёр арзишмандест, ибрози умедворӣ кард, хидмати имрӯзи сипоҳи посдорон ва басиҷ дар мавриди ироаи бастаҳои маишатӣ ба мардум, кумак ба фуқаро ва ниёзмандон, хидматрасонӣ ба осебдидагон аз селу зилзила ва ҳамин тавр сохти бемористонҳои муҷаҳҳазе,ки ба унвони пуштивонаи мудофиони саломат эҷод шудааст, битавонад пуштивонаи арзишманде барои Эрон бошад.

Сардор Алиакбар Пурҷамшедиён муовини ҳамоҳангкунандаи неруи заминии сипоҳ ҳам гуфт: дар размоиши дифои биологӣ аз тамоми зарфиятҳои сипоҳ, ба вижа неруи заминӣ истифода ва дар масъалаи корона тамоми иқдомот аз рӯзҳои нахустин анҷом шуда, ки таҳти мудирияти ситоди марказии мубориза бо карона будааст.

Барчасп