Апрел 16, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши фаъоли кишварҳои минтақа дар раванди сулҳи Афғонистон

Сафири Эрон дар Кобул  ва раисиҷумҳури пешини Афғонистон бар нақши фаъоли кишварҳои минтақа дар раванди сулҳи ин кишвар таъкид карданд.

Дар дидори Баҳодури Аминиён, сафири Эрон дар Кобул  ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, ду тараф дар бораи раванди сулҳ ва охирин таҳаввулоти сиёсии Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Тайи рӯзҳои гузашта низ Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти буҳрони сиёсии Афғонистон бо мақомоти кишварҳо ройзанӣ кардааст.

Зариф токунун бо вазирони умури хориҷаи Русия, Чин, Туркия, Қатар ва Ҳинд дар хусуси охирин таҳаввулоти буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон, ройзанӣ кардааст.

Зариф якшанбеи гузашта ҳам дар гуфтугӯ бо Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ироаи гузорише аз талошҳои дипломатии Эрон барои ҳали буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон ва пешбурди раванди сулҳ дар ин кишвар, ҷузъиёте аз тамосҳои худ бо мақомоти Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ироа кард.

Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Афғонистон худро барандаи ин интихобот эълом карданд, ки ин амр мӯҷиби буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар шудааст.

 

Барчасп