Апрел 23, 2020 13:10 Asia/Dushanbe
  • Моҳвораи Нур, қудратнамоии Сипоҳи посдорон дар арсаи фазоӣ

Нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи дифоӣ- сулҳомез тавассути неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо муваффақият ба фазо партоб шуд ва дар мадори замин қарор гирифт.

Моҳвораи "Нур" субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо моҳворабари семарҳилаии "Қосид" аз кавири марказии Эрон бо муваффақият ба фазо партоб шуд ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

Ин муваффақияти неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар арсаи фазоӣ аз аҳамияти фаровоне бархурдор буда ва нишон медиҳад, арсаҳои мухталиф ва машрӯи тавсеаи қудрат бо иттико ба тавони бумӣ ва дохилӣ қобили дастрас аст.

Муваффақияти низомӣ- фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар солгарди таъсиси худ он ҳам дар даврони таҳримҳои якҷонибаи Амрико бори дигар собит кард, ҳеҷ садде монеи ҳаракат ба самти қуллаҳои пешрафт нест.

Истифода аз абзорҳои машрӯъ барои тақвияти қудрати дифоъ сирфан интихоб нест, балки зарурате мантиқӣ аст, ки имрӯз неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳамаи арсаҳои дифоъӣ ба хубӣ дар ин масир ҳаракат мекунанд.

Дар ҳамин замина, сардор сарлашкар посдор Ҳусайни Саломӣ- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  бо ишора ба партоби муваффақиятомези моҳвораи чандманзураи "Нур" ба фазо таъкид кард: Партоби муваффақиятомези моҳвораи Нур, паҳлуҳои наве аз қудрати дифоии Эронро иртиқоъ бахшид.

Дастёби ба технологии чандкораи фазоӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳо аст ва саноати фазоӣ дар тавонмандсозии неруи дифоии қудратманд, нақши роҳбурдӣ дорад, чаро, ки бидуни қарор гирифтан дар фазо, нақшаҳои дифоӣ комил ва ҷомеъ нест.

Бо таваҷҷуҳ ба ин асли муҳим, дастёбӣ ба технологии  бартарсози дифоӣ бо ҳузур дар фазо, ки ҷуғрофиёи тавоноиҳои низомии Эронро дар паҳлуҳои мухталиф аз ҷумла ҷанги иттилоотӣ густариш медиҳад, дастоварди роҳбурдӣ ба ҳисоб меояд.

Муваффақияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо партоби моҳвораи низомӣ ба фазо, ки ҳамаи фароянди он тибқи дониши бумӣ ва бидуни иттико ба хориҷ аст, беш аз пеш аҳамият пайдо ме‎кунад, чаро, ки ин муваффақият дар даврони таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон ба даст омадааст.