Апрел 25, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шумори мавридҳои фавти бархоста аз бемории КОВИД-19 дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз коҳиши шумори мубталоён ба бемории КОВИД-19 ва мавридҳои фавти бархоста аз ин беморӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт: Якҳазору 134 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта шиносоӣ шудаанд, ки бо ин ҳисоб то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 89 ҳазору 328 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 76 нафар дар 24 соати гузашта афзуд: Фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба панҷ ҳазору  650 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Раванди коҳишии мавориди фавти бархоста аз корона дар кишвар ҳамчунон идома дорад.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ду миллиону  800 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 197 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 809 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.