Навзоди 800 грамии мубтало ба корона дар Эрон беҳбуд ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53053-Навзоди_800_грамии_мубтало_ба_корона_дар_Эрон_беҳбуд_ёфт
Навзоди 800 грамӣ, ки бо бемории КОВИД- 19 мутаваллид шуда буд бо талоши пизишкон дар шаҳри Язди Эрон беҳбуд ёфт.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 26, 2020 09:18 Asia/Dushanbe
  • Навзоди 800 грамии мубтало ба корона дар Эрон беҳбуд ёфт

Навзоди 800 грамӣ, ки бо бемории КОВИД- 19 мутаваллид шуда буд бо талоши пизишкон дар шаҳри Язди Эрон беҳбуд ёфт.

Ба нақл аз сомонаи хабарии Интихоб, доктор Маҳмуди Нурии Шодком- муовини дармони Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Язд дар маркази Эрон гуфт: Ҳудуди 40 рӯз қабл навзоди 800 грамӣ аз модари мубтало ба корона мутаваллид шуд ва бо таваҷҷуҳ ба мусбат шудани натиҷаи озмоиши коронаи худи ӯ, иқдомҳои дармонӣ барои ин навзод шуруъ шуд.

Ин навзод, ки Амирарсалон ном дорад коронаро шикаст дода ва акнун як килову 200 грам аст.

Доктор Нурии Шодком зимни ибрози шодмонӣ аз беҳбуд ёфтани ин навзод ва модараш аз бемории КОВИД- 19 аз мардум хост барои пешгирӣ аз корона ҳамчунон фосилагузории иҷтимоиро риоят кунанд