Октябр 03, 2016 18:29 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Эрон ҳаргиз Исроилро ба расмият намешиносад

Раиси маркази таҳқиқоти стратегии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ аз сӯи Эронро амре ғайримумкин донист.

Алиакбари Вилоятӣ, рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон, бо радди шарти вазири иқтисоди Олмон барои Эрон, бино бар ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ниёз ба равобите, ки манут ба иртибот бо режими ғосиби саҳюнистӣ бошад, надорад.

Вилоятӣ бо баён ин, ки мақомоти Олмон барои хушоянди саҳюнистҳо ва амрикоиҳо чунин суханонеро баён мекунанд, тасреҳ кард, ин дархост ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад ёфт, зеро Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ унвон ин режими ғосибро ба расмият нахоҳад шинохт.

Вай, коҳиши равобити Олмон бо Эронро ба зарари манофеи он кишвар донист ва афзуд, мардуми Олмон бо табаияти ҳақиронаи давлати ин кишвар аз сиёсатҳои шикастхӯрдаи Амрико мухолифанд.

Вилоятӣ ҳамчунин дар бораи заминасозии амрикаоиҳо барои мудохилаи низомӣ дар Сурия, ҳар гуна иқдом дар ин хусусро иқдоме интиҳорӣ ва шикасте ба маротиб сахттар аз шикасти Амрико дар Афғонистон ва Ироқ донист.

Раиси маркази таҳқиқоти стратегии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, радди иддаои Ҷон Керрӣ-вазири умур хориҷаи Амрико бино бар ин, ки ин кишвар ба аҳдаш дар иҷрои БАРҶОМ вафодор будааст, низ гуфт, агар амрикоиҳо бихоҳанд масири иҷрои БАРҶОМ дуруст пеш биравад, бояд ба ончӣ тааҳҳуд кардаанд, амал кунанд.