Апрел 30, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Зариф бо сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар бораи тафоҳуми сиёсӣ дар ин кишвар

Вазири умури хориҷии Эрон ва сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, фароянди тафоҳуми сиёсӣ дар Афғонистон, мубориза бо густариши корона ройзанӣ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба табодул назар карданд.

Зариф ва Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон низ имрӯз дар гуфтугӯи телефонӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, мубориза бо густариши корона ва охирин таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон ройзанӣ ва табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷии Эрон ва Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон ҳам имрӯз дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи равобити дуҷониба ва мубориза бо густариши корона табодули назар карданд.

 

Барчасп