Таъкиди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар нақш ва аҳамияти ҷойгоҳи коргар дар иқтисоди солим
(last modified 2020-05-06T11:13:01+00:00 )
Май 06, 2020 16:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар нақш ва аҳамияти ҷойгоҳи коргар дар иқтисоди солим

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар нақш ва аҳамияти ҷойгоҳи коргар ва вазоифи мутақобили коргар ва корфармо дар афзоиши каммӣ ва сифатии тавлид ва эҷоди сарват дар як иқтисоди солим, таъкид карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе ба муносибати Ҳафтаи кор ва коргар, дар иртиботи тасвирии мустақим бо ҳафт маҷмӯаи тавлидӣ бо табрики Ҳафтаи коргар ба ҳамаи коргарон ва заҳматкашон, шунидани гузоришҳое умедбахш аз тавлидро ширин ва ҷаззоб хонданд ва бо таъкид бар интишори умумии ин гузоришҳо гуфтанд: Рафъи мушкилоти ҷомеаи коргарӣ яке аз масоили муҳим аст, ки бояд нисбат ба он эҳтимом шавад. Раҳбари инқилоби исломӣ ҳадафи иқтисоди кишварро тавлиди сарват ва тақсими одилонаи он байни ҳамаи мардум хонданд ва афзуданд: Барои расидан ба иқтисоди солим, коргар яке аз сутунҳои аслӣ ва аз авомили дараҷаи яки тавлиди сарват дар кишвар аст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, коргари моҳир ва навоварро муҷиби афзоиши сифати кор донистанд ва гуфтанд: Бино барин ниҳодҳои иқтисодӣ ва корфармоён бояд дониш ва маҳорати неруи кор ва саҳми онро аз оидҳои ниҳодҳои иқтисодӣ афзоиш диҳанд ва коргар низ бо эҳсоси масъулияти бештар ва бидуни саҳлингорӣ амал кунад. Ишон, коргар ва корфарморо ду сутуни аслии рушд ва пешрафти иқтисодӣ хонданд ва эҳтимом ба ҳуқуқи неруи кор аз ҷумла одилона ва пардохти муназзам ва бидуни таъхири он, амнияти шуғлӣ, суғурта, омӯзиш, хадамоти рифоҳӣ ва беҳдошт ва дармон"-ро мавриди таъкид қарор доданд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома ба мавзӯи "Ҷаҳиши тавлид" ба унвони шиори соли (1399 шамсӣ) ишора карданд ва мақулаи тавлид дар иқтисоди Эронро ҳамчун системи эминӣ ва дифоии бадани инсон донистанд ва гуфтанд: Ҳамонгуна, ки нақши системи эминии бадан дар муқобила бо вирусҳо бисёр муҳим аст, агар тавлид муносиб ва рӯ ба рушд бошад, метавонад пайкараи иқтисодии кишварро дар муқобили вирусҳои табиӣ ва вирусҳои дастсоз ҳамчун таҳрим ва ё навасоноти нархи нафт ва таконаҳои мухталиф муҳофизат кунад. Ишон ҳимоят аз тавлид ва тавлидкунандаро аслитарин вазифаи масъулон донистанд ва таъкид карданд: Ҳимоят аз тавлид фақат ба маънои тазриқи нақдинагӣ нест, балки бояд бо бардоштани монеаҳо, майдонро барои сармоягузор, соҳиби фикр ва тавлидкунанда боз кард. Раҳбари инқилоби исломӣ ба бархе аз масодиқи бардоштани монеаҳо ишора карданд ва гуфтанд: Ҳазфи муқаррароти дасту погир, муборизаи ҷиддӣ бо қочоқи коло, муқобила бо воридоти беравия, мубориза бо фасоди молӣ ва фасоди идорӣ, риояти ҳуқуқи моликияти маънавӣ, муқобила бо сафтабозиҳо ва савдогариҳои зиёнбахш ва муофиятҳои андоз дар мавориди зарурӣ ва вазъи андоз дар мавориди лозим ҳамчун сарватҳои бодоварда аз ҷумла корҳои зарурӣ аст, ки бояд се қувва нисбат ба он эҳтимом биварзанд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ, имсолро соли "Ҷаҳиши тавлид" номгузорӣ карданд.