Зодрӯзи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) фархунда бод!
(last modified Thu, 07 May 2020 13:56:35 GMT )
Май 07, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Зодрӯзи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) фархунда бод!

Ҷумъа, 19-уми урдибиҳишти соли 1399-и хуршедӣ, баробар бо 15-уми рамазони соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ ва 8-уми майи соли 2020 мусодиф бо солрӯз милоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), пешвои гиромии мусалмонон ва наводаи бузурги Расули гиромии ислом (с) аст.

Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ки дар нимаи моҳи мубораки Рамазони соли савуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷуд ниҳоданд, нахустин фарзанди Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) ва Фотимаи Заҳро (с), духтари Паёмбари акрам (с) буданд.

Ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) дар рӯзи валодати аввалин фарзандашон кӯдаки хешро назди Расули Худо (с) бурданд, то номе барояш интихоб фармоянд ва Паёмбар (с) низ ба амри Худованд номи ӯро Ҳасан (ба маънои некӯ ва писандида) гузоштанд.

Имом Ҳасан (а) ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳру лутфи ҷаддашон Паёмбари Ислом (с) сипарӣ кард ва дар ин фурсати гаронбаҳо аз навори тобноки вуҷуди Паёмбари гиромии Ислом (с) баҳра бурд ва пас аз он низ 30 сол шогирди тезҳуш ва ёвари содиқ барои падари гиромиаш ҳазрати Алӣ (а) буд. Эшон пас аз шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) имомати уммати исломро бар уҳда гирифтанд.

Саховат ва меҳрубонии он ҳазрат бо мардум дар даврони ҳаёти пурбаракати он имоми бузургвор ба ҳадде буд, ки мардум ба эшон лақаби “карими аҳли байт” доданд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон валодати саросар сурури ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳумуссалом табрик ва таҳният мегӯяд.