Вуруди дувумин маҳмулаи кумакҳои пизишкӣ ва дармонии Уммон ба Эрон барои муқобила бо корона
(last modified 2020-05-08T14:29:46+00:00 )
Май 08, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Вуруди дувумин маҳмулаи кумакҳои пизишкӣ ва дармонии Уммон ба Эрон барои муқобила бо корона

Дувумин маҳмулаи кумакҳои пизишкӣ ва дармонии Уммон барои муқобила бо вируси корона ба вазни тақрибии 40 тон вориди Эрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси ҳамоҳангиҳои баамаломада аз сӯи сафорати Эрон дар Маскат ва вазоратхонаҳои хориҷа ва беҳдошти Уммон, асри панҷшанбе маҳмулаи мазкур дар фурудгоҳи Маскат, пойтахти Уммон боргирӣ ва бомдоди ҷумъа дар Теҳрон таҳвили мақомоти масъули Эрон шуд.

Муҳаммадризо Нурии Шоҳрудӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскат зимни ташаккур аз давлати Уммон, кумакҳои эҳдоии ин кишварро баёнгари ҳамкориҳои амиқ ва равобити рӯ ба тавсеаи фимобайн хонд ва ибрози умедворӣ кард, дар оянда муносиботи 2 кишвар беш аз гузашта густариш ёбад.

Маҳмулаи кумакҳои эҳдоии Уммон ба вазни тақрибии 40 тон, шомили маҳсулоти зиёди беҳдоштиву дармонӣ ва доруҳои мавриди ниёз барои пешгирӣ аз шуюи вируси корона ва муолиҷаи мубталоён ба ин вирус аст.

Нахустин маҳмулаи эҳдоии кишвари Уммон чаҳоршанбеи 8 апрел вориди Эрон шуда буд.

 

 

 

 

Барчасп